Пас аз тирпарронии ҳафтаи гузашта дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, ҳанӯз ҳам сокинони деҳаҳои марзӣ эҳсоси ноамнӣ доранд. Бошандагони деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ мегӯянд, ин вазъ низоми зиндагиашонро ба ҳам задааст.