Муродҷон Ҷӯрабойзода, сокини маҳаллаи Ҳалимбобои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба ҳавлияш сангу хок овардааст, аммо ду сол боз девор бардошта наметавонад. Мегӯяд, марзбонҳои Қирғизистон монеъ мешаванд, чун минтақаи баҳсӣ мешуморанд.
Додгоҳи ноҳияи Лайлак дар вилояти Бодканди Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро ба гуноҳи убури ғайриқонунии сарҳад ҷарима баста, сипас раҳо кардааст. Ҳукм 3-юми июни имсол содир шуд.
Пайвандони Абдулатиф Шарифов, ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ", ки се моҳ пеш дар низои марзӣ дар сарҳад бо Қирғизистон кушта шуд, аз ваъдахилофии мақомот шикоят доранд.
Аз задухӯрди хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сол гузашт. Баъзе аз хонаҳои сӯхтаро аз нав сохтанду захми маҷруҳонро даво бахшиданд ва оилаи қурбониён ба набудани наздикони худ одат мекунанд. Вале дар ду тарафи марз ташвишҳо аз сар задани ҷанг боқист.
Гурӯҳе аз фаъолону калонсолон аз Тоҷикистону Қирғизистон барои пешгирӣ аз ҷангу ҷанҷол дар марз гирди дастурхони ифторӣ нишаста, гуфтаанд, ҳама корро бояд кунанд, то дигар хунрезӣ нашавад.
Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон, дар солгарди низои хунин дар марзи кишвараш бо Тоҷикистон ба мардум муроҷиат кард.
Ӯ афзуд, раванди гуфтугӯҳои марзӣ бо Тоҷикистон қатъ нашудааст ва дар ҳоли ҳозир ҷонибҳо роҷеъ ба 600 километр ба созиш расидаанд ва ҳамагӣ 300 километри дигар мондааст.
Сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилояти Суғд аз камобӣ ё қисман қатъ шудани об дар маҳалли зист ва киштзорашон дар як ҳафтаи охир хабар медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, ин вазъ дар деҳаҳои марзии шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мушкилҳоеро ба вуҷуд овардааст.
Онҳо дар даст акси президент Эмомалӣ Раҳмон, парчами Қирғизистон ва кӯдакони қирғизистониеро доштанд, ки дар низоъҳои марзӣ фавтидаанд.
Мақомот тасдиқ карданд, ки дар муноқишаи шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сарҳадбони тоҷик кушта шудааст. Зоир Саидумарови 27-сола сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон буд.
Муовини раиси ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, марзбонҳои кишвари ҳамсояро ба сар задани тирпарронии шоми 12-уми апрел муттаҳам кард. Дар ин ҳодиса аз ду тараф чанд кас захмӣ шуданд.
Пас аз тирпарронии ҳафтаи гузашта дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, ҳанӯз ҳам сокинони деҳаҳои марзӣ эҳсоси ноамнӣ доранд. Бошандагони деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ мегӯянд, ин вазъ низоми зиндагиашонро ба ҳам задааст.
Ёфтҳои бештар