Дар даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ба ҷой гузошт, тақрибан даҳ масҷидро дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров нишон гирифтаанд. Ҷониби Қирғизистон қазияро шарҳ надодааст.
Захмиёни даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шифохонаҳои вилояти Суғд муолиҷа мегиранд. Чанде аз онҳо дидаҳои худро ба хабарнигорони Радиои Озодӣ нақл карданд.
Қабл аз мулоқот, Энтони Блинкен дар ҳузури хабарнигорон гуфт, аз қатъи низоъ ва созиши оташбас миёни ду тараф хушнуд аст. Ӯ афзуд: "Ман аз он хушҳолам, ки дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон оташбас барқарор шуд. Ин дилгармкунанда аст ва умедворам, идома меёбад."
Ҷамоати Ворухи ҳаммарз бо Қирғизистон дар муноқишаи ахири сарҳадӣ нафақат шоҳиди ҷангу хисорот гардид, балки сокинонаш мегӯянд, чандин рӯз ба маркази Исфара низ рафта натавонистанд.
Тифлеро, ки шаби 16-уми сентябр, ҳангоми даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар Чашмасори Чоркӯҳ ба дунё оад, Сулҳия ном гузоштаанд. Ба хотире, ки дигар ҷанг такрор нашавад.
Сокинони деҳаи Сомониён дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, гуфтанд, ки рӯзи 26-уми сентябр бар асари зарбаи мушакӣ як нафар захмӣ шудааст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар муноқиша дар марз бо Қирғизистон беш аз 40 сокини одӣ кушта ва 200 ғайринизомии дигар захмӣ шудаанд.
Пас аз як ҳафтаи муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мақомот барои оилаҳои зарардида аз Душанбе кӯмак фиристодаанд. Ба гуфтаи мақомот, корвони кӯмакҳо бо дастури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба чанд минтақаи марзӣ расид ва мардум тасмим доранд, ба сохтмони хонаҳояшон шурӯъ кунанд.
Хабарҳо аз корбурди бесарнишинҳо аз тарафи Қирғизистон дар ҳолест, ки Душанбе ва Бишкек ду моҳ пеш гуфта буданд, дар бораи истифода накардани онҳо дар даргириҳои марзӣ созишнома имзо кардаанд.
Сокинони деҳаи Чорқишлоқ ин шабу рӯз осори харобиҳои муноқишаи 14-17-уми сентябрро пок мекунанд, то дубора ба зиндагии маъмулии худ баргарданд.
Ба фарқ аз даргириҳои гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ин дафъа ду ҷамоати дигари наздимарзӣ – Чилгазӣ ва Шӯроб – зиёни моливу ҷонӣ дидаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҷамъоварии кӯмак ба оилаҳое, ки ҳангоми муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон хонаву дари худро аз даст доданд оғоз шудааст. Хоҳишмандон метавонанд ҳама чизҳои зарурӣ аз ҷумла маблағ, хӯрок, либосу дигар ҷиҳози рӯзгорро барои осебдидагон фиристанд.
Ёфтҳои бештар