Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар пайи баҳсҳои марзии кишвараш бо Тоҷикистон даъвати Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми як сафари расмӣ пазируфтааст.
Имрӯз дар марзи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон дар ҳузури намояндагони боломақоми ду кишвар расми ифтитоҳи роҳҳо ва пулҳои марзӣ доир шуд.
Аз 5 захмии муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду нафарашро то имрӯз аз бемористон ҷавоб додаанд, вале се тани дигар ҳамчунон дар бемористони шаҳри Ғафуров боқӣ мемонанд.
Дар ҳоле ки Қирғизистон бунёди роҳи Тамдиқ - Оқсойро дар соҳили рӯди Исфара аз сар гирифтааст, мақомоти Исфара мегӯянд, ки тарҳи роҳи нави Ворух - Исфара ҳанӯз комилан таҳия нашудааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як паёми шодбошӣ ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоевро ба муносибати солгарди 23-юми истиқлоли Қирғизистон табрик кардааст. Ирсоли ин паём дар пасманзари таниши навбатӣ дар марзи ин ду кишвари ҳамсоя сурат мегирад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расидаанд, ки сохтмони роҳҳо аз ду ҷониб дар як вақт шурӯъ шавад.
Душанбе ва Бишкек ҷиҳати таҳқиқи муштараки даргирии охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва тавқифи сохтмони роҳи мошингарди Оқсой-Тамдиқ-Кишмиш тавофуқ кардаанд.
Сокинони рустои Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар задухӯрди ахир дар марз бо Қирғизистон марзбонҳои қирғизро айбдор мекунанд. Бар асари ин даргирӣ аз тарафи Тоҷикистон ду нафар кушта ва 5 тан захмӣ шудаанд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли як ёддошт "эътирози қатъии худро" ба Қирғизистон изҳор карда, гуфтааст, дар сурати такрори чунин ҳаводис "ҳаққи худро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва дифоъ аз шаҳрвандон ва қаламрави худ раво медонад."
Ҳалимҷон Сатторов яке аз захмиён, ки ба гарданаш пораи норинҷак расидааст. Дар бемористони шаҳри Ғафуров ҳоло чаҳор сокини деҳаи Қалъачаи ин ноҳия, ки рӯзи 25-уми август аз тири низомиёни қирғиз захм бардоштаанд, бистарӣ шудаанд.
Сокинони рустоҳои марзии Тоҷикистон мегӯянд, ки Қирғизистон бе мувофиқа бо Тоҷикистон ба сохтмони роҳ ва пул дар қитъаҳои баҳсбарангези марзӣ идома медиҳад.
Ба бовари наздикони Ҳотамхон Назриев, ин сокини 23-солаи Шӯроободро афроди мусаллаҳ аз гурӯҳи Пири Бурҳон рабудаанд. Пири Бурҳон дар ивази раҳоии ин ҷавон 30 000 доллар талаб кардааст.
Ёфтҳои бештар