Имшаб соҳибкор Зайд Саидов ба боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе интиқол ёфт.
Вакили Зайд Саидов иддаои Ожонси мубориза бо фасод дар мавриди ҷараёин таҳқиқи парвандаи ин соҳибкори боздоштшударо радд кард.
Ёвари дабири кулли СММ Иван Шимонович қазияи Зайд Саидовро бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар миён гузошт.
Бо боздошти Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва аз мубтакирони аслии ҳизби “Тоҷикистони нав”, ҳоло сарнавишти ин ҳизб номаълум мемонад ва зоҳиран санадҳояш ҳам барои сабти ном то ба вазорати адлия намерасанд.
Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, таъқиби Зайд Саидовро ҳамчун як “амали нангин” маҳкум кард ва гуфт, мехоҳад роҷеъ ба ин қазия ба раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кунад.
Вакили мудофеи Зайд Саидов гуфт, 3 рӯзи боздошти муваккилаш 22 май ба поён мерасад ва бояд акнун додгоҳ маълум кунад, ки ӯ дар ҳабс мемонад ё на?
Зайд Саидовро имрӯз, 20 май дар Ожонси мубориза бо фасод бо Низомхон Ҷӯраев рӯбарӯ кардаанд
Номи Зайд Саидов дар ҷӯяндаи Google дар ним сония зиёда аз 50 ҳазор матлабро гирдоварӣ мекунад, ки ин ҳафта ба нашр расидаанд.
Пайвандонаш барои Зайд Саидов, ки дар дафтари Ожонсии мубориза бо фасоди пойтахт бозпурсӣ мешуд, либос ва дигар лавозимоти лозим дар боздоштро бурдаанд.
Вокуниши оҷили аппарати ҳукумат ба бурузи ҳар чеҳраи нав дар майдон сиёсат ин ақидаро дар ҷомеа тақвият додаст, ки ҳукумат дигаргуниро на дар дохили ҳалқаи эътимоди худ ва дар берун аз он таҳаммул намекунад.
Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон изҳороти Гурӯҳи тадорукотии ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро роҷеъ ба кодекси нави андоз рад кард.
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Радиои Озодӣ мегӯяд, камбудиҳо дар кори ширкати “Тоҷ-сохтмон байналмилал” зимни тафтиши фаъолияти Раёсати сохтмони асосӣ(УКС)-и шаҳри Душанбе ошкор шудааст, на ҳангоми тафтиши фаъолияти ҳукумати пойтахт.
Ёфтҳои бештар