Рӯйдодҳои охир дар атрофи соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов гумонҳои аввалияро, ки ҳизби Тоҷикистони нави ӯ шояд “тарҳи интихоботии ҳукумат” бошад, заиф кардааст.
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боз шудани парванда ва тафтишот алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон ва ҳам писари ӯ – Хайрулло Саидовро рад кард.
Шӯрои ҳамоҳангсозии анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон дар як ҷаласаи изтирорӣ ин ниҳодро барҳам дод.
Зайд Саидов рӯзи якшанбе, 12 май дар як гуфтугӯи видеоӣ бо Озодӣ иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд кард.
Зайд Саидов иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистонро марбут ба азми ӯву ҳамфикронаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав номид.
Ба думболи боз шудани парвандаи "бисёрзанӣ" алайҳи тоҷири маъруфи тоҷик Зайд Саидов, Ожонсии зидди фасод аз мавҷудияти як парвандаи ҷиноии дигар хабар дод.
Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав аз таҳдид ба ҷони раҳбари ин гурӯҳ Зайд Саидов хабар дод.
Ҳафт моҳ пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби нави сиёсӣ арзи ҳастӣ кард, ки иддао дорад, бо ислоҳи вазъи иқтисодии кишвар машғул шавад.
Сафири ИМА дар Душанбе мегӯяд, таъсиси ҳизби нави сиёсии «Тоҷикистони нав», шароити мусоиди интихоб барои инсонҳоро фароҳам мекунад.
Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкори муваффақи тоҷик аз таъсиси як ҳизби сиёсӣ бо номи "Тоҷикистони нав" хабар дод.