Пайвандҳои дастрасӣ

Барзу Абдураззоқов: Боздошти Зайд як амали нангин аст


Барзу Абдураззоқов
Барзу Абдураззоқов

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, таъқиби Зайд Саидовро ҳамчун як “амали нангин” маҳкум кард ва гуфт, мехоҳад роҷеъ ба ин қазия ба раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кунад.

Барзу Абдураззоқов, ки бо мавқеи фаъоли шаҳрвандиаш маъруф аст, рӯзи 19 май, дуруст дар рӯзи боздошти соҳибкори шинохта ба Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав пайваст. Барзу Абдураззоқов, ки феълан дар як театри Бишкек кор мекунад, дар гуфтугӯи ихтисосие бо Озодӣ гуфт, бо ин иқдом ҳамраъйияш бо соҳибкори боздоштшуда ва норизоияташ аз таъқиби Саидов аз сӯи мақомоти Тоҷикистонро баён доштааст. “Ман ба ин ки мақомоти мо то ба ин ҳад паст рафтаанд, розӣ нестам”, - гуфт Барзу Абдураззоқов.

Коргардони маъруф мегӯяд, дар Қирғизистон ҳам ба ёди Тоҷикистон аст ва ин шабу рӯз танҳо ба Зайд Саидов фикр мекунад. “Ба ҳадде ки дасту дилам ба кор намеравад”,- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Барзу Абдураззоқов гуфт, мехоҳад пиромуни қазияи Зайд Саидов шахсан ба Эмомалӣ Раҳмон ё аз тариқи нома муроҷиат кунад ваё дидори алоҳидае бо президенти Тоҷикистонро дархост кунад. Барзу гуфт, таъқиби Саидов ба шаъни Эмомалӣ Раҳмон намезебад.

Барзу Абдураззоқов Зайд Саидовро "як шахсияти фавқулодда ва соҳибкори пуристеъдод” тавсиф кард, ки ба назари ӯ, фикри мустақил дорад ва аз ӯҳдаи иҷрои тарҳҳои мухталиф мебарояд. “Зайд аз ҷумлаи онҳое дар Тоҷикистон буд, ки ман барояш ифтихор мекардам”, - гуфт Барзу Абдураззоқов ба Озодӣ.
Барзу Абдураззоқов гуфт, дар чунин шароит нисбат ба масоили сиёсии кишвари худ бепарво буда наметавонад, чунки “ин алакай на сиёсат, балки сарнавишти кишвари ман аст.”

Зайд Саидов рӯзи 6 апрел дар раъси як гурӯҳи ташаббускор аз азмаш барои таъсиси ҳизби марказгарои Тоҷикистони нав хабар дод. Ба дунбол, мақомот ба таъқиби ин соҳибкори шинохта шурӯъ карданд. Ибтидо 11 май додситонии шаҳри Душанбе ӯро ба бисёрзанӣ муттаҳам ва манзилҳояшро кофтукоб кард. Билофосила ҳамон рӯз Ожонси зиддифасод ширкати "Тоҷ-сохтмон байналмилал"-ро, ки ба Зайд Саидов марбут дониста мешавад, ба изофанависӣ дар ҷараёни сохтани "Душанбе-Плаза"- баландтарин бинои пойтахт муттаҳам кард.

Саидов рӯзи 19 май, баъди бозгашташ аз сафар дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Баъди боздошт ӯро ба порагирӣ, қаллобӣ ва сӯиистифода аз мақом ҳам айбдор карданд. Аммо Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав мегӯяд, таъқиби раҳбараш решаҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG