Бепарвоии подабонҳои навраси деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара боиси талафоти 18 сар гови маҳаллӣ шудааст.
Дар рустои Қалачӣ ва шаҳраки Красногорски вилояти Оқмуллои Қазоқистон кӯдакон ҳамеша дар ҳоли хоб буданд, ва ба ҳеҷ таконе бедор намешуданд.
Як кишоварзи 29-сола баъд аз он ки барои буд карда натавонистани нақшаи ҷамъоварии ғалла танқид ва аз сӯи ҳокиму додситон таҳдиди ба зиндон рафтанашро шунид, худкушӣ кардааст.
Дар пайи даъвои муҳофизи пешини раисиҷумҳури Қирғизистон моликияти нашриёти "Вечерний Бишкек" ҳабс ва ҳисоби бонкияш баста шудааст.
Идораи бойтории Тоҷикистон мегӯяд, дархости тоҷирон аз Русияву Чин барои ташкили корхонаи коркарди гӯшти хар дар кишварро рад намудааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шудааст, ки саҳнаи ҷанги як харгӯши бебок бо мори сиёҳро нишон медиҳад. Ин наворро давоми як ҳафта беш аз панҷ миллион тамошо кардаанд.
Пас аз гузориши Радиои Озодӣ ва шикоятҳои зиёди сокинони деҳаҳои наздик ба размоишгоҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Шӯрообод, сарбозони ин пойгоҳ самти тирандозиҳои тамринии худро иваз кардаанд.
Шумо бовар намекунед, вале ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Убайдулло Раҷабов дар кӯдакияш тамоман симои дигар дошт, вале Меҳрнигори Рустам кам ё беш ба чеҳраи имрӯзааш монанд аст.
Ба аксҳо нигаред. Оё метавонед дарёбед, ки дар ин озмун аксҳои замони кӯдакӣ ё наврасии кадоме аз ҳунарпешагони тоҷик дида мешавад?
Ҳар рӯз дар Қирғизистон дастикам 32 духтар рабуда мешавад ва ҳар рӯз ба номуси то 6 духтар дар ин кишвар таҷовуз мекунанд. Ин омори такондиҳанда дар гузориши солонаи Ҳақиқатчӣ ё Омбудсмени Қирғизистон Бакит Амонбоев нашр шудааст.
Раҳбари Ҷамъияти Уламои Исломӣ – Фазл, ҳазрати Мавлоно Фазлур Раҳмон аз нерӯҳои мусаллаҳи Покистон дархост кард, зидди занони ҷинспӯш дар саросари Покистон амалиёти ҳарбӣ анҷом диҳанд.
Кумитаи занони Узбакистон одобу ахлоқ, сарулибос ва сатҳи клипҳои овозхони машҳур, Ҳунарпешаи шоистаи Узбакистон, Райҳон Ғаниеваро баррасӣ кард.
Ёфтҳои бештар