Бар асоси як назарсанҷӣ, танҳо 7 дарсади мардуми Русия Тоҷикистонро кишвари дӯсту муттаҳиди Маскав шумурдаанд. Як фоизи пурсидашудаҳо Тоҷикистонро ҳатто кишвари душман хондаанд.
Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо ҳизби "Единая Россия" қарордоди ҳамкорӣ имзо кунад.
Русия ба шаҳрвандӣ пазируфта шудани шахсони дорои ихтисосҳои муайянро сабук кард ва иҷрои ин қарори ҳукумати Русия аз 7-уми август сар мешавад.
Кордиҳандагон аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия шарт гузоштаанд, ки қабл аз сафар бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тариқи Скайп сӯҳбат хоҳанд кард.
Наздикони Раҳимҷон Тешабоев, таксироне, ки соли гузашта аз тарафи ду сарбози Пойгоҳи 201 Русия кушта шуд, дар додгоҳ 10 миллион рубли русӣ ҷуброн талаб кардаанд.
Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия парвандаи латукӯби шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби полисро зери назорати шахсии худ гирифтааст.
Ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз шаш моҳ ба ин тараф дар як корхонаи ғайриқонунӣ ва махфии шаҳри Липетск дар ҳолати ғуломӣ кор мекарданд, тавассути пулис раҳо шуданд.
Вазорати дифои Русия эълон кард, ки тавоноии фаннӣ ё техникии маркази назорати кайҳонии "Окно" дар канори шаҳри Нораки Тоҷикистонро то чор баробар афзудааст.
Додгоҳи Маскав Иля Горячев, раҳбари як созмони қавмгароро, ки дар 5 куштор, аз ҷумла дар қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов гунаҳкор шинохта шуд, ба ҳабси умрбод маҳкум кард.
Мақомоти ноҳияи Шӯрообод қасд доранд, ки масъалаи аз размоишгоҳи “Мумирак” ба маҳалли дигар кӯчондани тамрини сарбозону афсарони пойгоҳи 201-и Русияро бо раҳбарияти пойгоҳ дар миён гузоранд.
Танҳо дар 5 моҳи аввали соли 2015 боз 4000 сокини Тоҷикистон барои кӯчидан ба Русия дархост додаанд. Навбат дар идораи ФМС дар Душанбе чунон бузург аст, ки аллакай ба соли 2016 кӯчидааст.
Барои ширкат дар ҷаласаи вазирони кишварҳои узв дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, вазири дифои Русия, Сергей Шойгу ба Тоҷикистон сафар кард.
Ёфтҳои бештар