Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон аввал ба воситаи Skype аз санҷиш мегузаранд


Кордиҳандагон аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия шарт гузоштаанд, ки қабл аз сафар бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тариқи Скайп сӯҳбат хоҳанд кард.

Хадамоти шуғли аҳолии Санкт-Петербурги Русия ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Кӯлоб оғоз кард. Ин Хадамот, ки тоза дар шаҳри Кӯлоб намояндагӣ ё маркази машваратӣ боз кардааст, муроҷиати даҳҳо ҷавонро барои кор дар ин шаҳри Русия пазируфтааст.

Ба ин тартиб ҳуҷҷатгузории барои муҳоҷират ба Санкт-Петербург тариқи Интернет сурат гирифта, ҳар муҳоҷире, ки ба кор даъват мешавад, аввал аз тариқи «Скайп» дар Санкт-Петербург бо корфармо ҳамсӯҳбат мешавад.Ин шароитро намояндагии Хадамоти шуғли аҳолии Санк-Петербург дар шаҳри Кӯлоб барои алоқамандон фароҳам мекунад.

Дар Кӯлоб маркази таъмини кор дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боз шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Аз ин тариқ корфармо забондонӣ ва кордонии муҳоҷир месанҷад ва танҳо пас аз ин ба ӯ даъватномаи расмӣ мефиристад.

Саидаҳмад Пириев, сардори Раёсати шӯғли аҳолии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, рӯзи чоршанбеи 5 август зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин намояндагӣ дар чорчуби созишномаи дуҷониба миёни вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва вилояти Санкт-Петербурги Русия таъсис ёфта ва ҳадафаш ҷалби нирӯи корӣ аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлони Тоҷикистон аст.”

Ба гуфтаи Саид Пириев, намояндагии Хадамоти шуғли аҳолии Санкт-Петербурги Русия дар пайи сафари ҳайати Хадамоти шуғли аҳолии Санкт Петербург ба раёсати Юлия Козлова ба шаҳри Кӯлоб дар ҳафате пеш ифтитоҳ гардида ва ҳамакнун корҳо ҷиҳати ҷалби ҷавонон барои кор дар вилояти Ленинград оғоз шудааст.

Вай афзуд: «Ҳозир мо ҳаминро назорат дорем. То панҷ моҳ бояд мо мутахасисоне, ки диплом дорад, аввал онҳоро равона созем ва баъдан, оҳиста-оҳиста дигаронро низ дар Маркази калонсолон таълим дода, соҳиби сертификат ё диплом намуда ба онҷо равона месозем.»

Намояндагии Хадамоти шуғли аҳолии вилояти Санкт-Петербург ё «Маркази машваратии кортаъминкунӣ дар Санкт-Петербург» дар ҳоле ташкил шуд, ки тибки иттилои Хадамоти муҳоҷират дар минтақаи Кӯлоб муддати шаш моҳи ахир 28 ҳазор аз сокинони ин минтақа аз муҳоҷират баргаштаанд.

Дар ҳамин ҳол Лутфулло Расулов, намояндаи Хадамоти шуғли аҳолии вилояти Санкт - Петербурги Русия дар минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамакнун муддати кӯтоҳ ҳудуди 500 нафар аз сокинон барои кор дар Санкт – Петербург муроҷиат карда ва аз ин теъдод санадҳои 100 нафари онҳо ба Хадамоти шуғли аҳолии вилояти Санкт – Петербург фиристода шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Расулов, Хадамоти шуғли аҳолии вилояти Ленинград имкони таъмини 57 ҳазор бо ҷойи корро дар қаламрави ин минтақа дорад.

Ҳатто ба иттилои Лутфулло Расулов, маоши моҳона барои муҳоҷирон то 30 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Ҷаноби Расулов азфуд, «Дар як ҳафта мо ҳудуди 500 нафарро қабул кардем аз ин ҳуҷҷатҳои 100 нафарашро аллакай ҳуҷҷатҳояшро ба марказ фиристодем. Ин марказ ҳуқуқҳоро ҳимоят мекунад ва муҳоҷирон метавонанд дар Санкт-Петербург бе мушкилӣ рафта ва қонунан кор кунад.»

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки дар ҳоле, аксари шаҳрвандони нируи кори тоҷик ҳаққи мамнуъвуруд ба қаламрави Русияро доранд, чӣ гуна ин намояндагӣ метавонад, ҷавонони минтақаи Кӯлобро барои кор ба вилояти Ленинград сафарбар намояд?

Лутфулло Расулов, намояндаи Хадамоти шуғли аҳолии Санкт-Петербург дар посухи ин суол гуфт, ки дар ҳақиқат ин мавзӯъ дар мулоқот бо ҳайати хадамоти шуғли аҳолии вилояти Ленинград матраҳ шуд ва онҳо гуфтанд, ки аллакай ба ниҳодҳои марбутаи Русия ба манзури мусоидат дар ҳалли ин масъала муроҷиат кардаанд ва умед аст, ки ин мушкил ҳалли мусбиро пайдо хоҳад кард.

Абдуҷҷаббори Сайид, як ҷавони 20 солаи Кӯлоб, ки ҳуҷҷатҳои худро барои кор дар Русия дуруст мекард, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, замоне шунид, ки дар Кӯлоб марказ кушода шудааст ва ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя мешавад ба инҷо омада ҳуҷҷат супорид ва умед дорад то ба Санкт-Петербург рафта, кор кунад.

Аммо Абдуҷаббор аз даврони дар муҳоҷирати ғайриқонуниаш будааш ёд оварда афзуд, «Бовар кунед, ки корфармо дар як рӯзи замистон як сметан медод то бегоҳ ба кор ҷалб мекард. Он як генерали рус буд, боз ҳар соат одамонаш оамада назорат мекард. Баъди 10 моҳи азоб ба бародарам гуфтам маро барад аз онҷо ва маро аз онҷо бародарам гирифт баъдан ман ба вата номадам. Дар ҳоли ҳозир муҳоҷирон зобе доранд, ки ҳеҷ нагуфтанӣ».

Ҳамакнун, садҳо тан аз ҷавонони кӯлобӣ, бо боз шудани намояндагии Хадамоти шуғли аҳолии Санкт–Петербург изҳори умедворӣ мекунанд, ки битавонанд дубора ба муҳоҷират баргарданад ва ризқу рӯзиашонро пайдо кунанд.

Зимнан, тибқи иттиллои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 187 ҳазор аз шаҳрвандони кишвар ба ватан баргаштаанд, ки аз ин 165 ҳазор ин мардон ва бақия занон мебошанд. Мақомоти Тоҷикистон сабаби коҳиш ёфтани муҳоҷирати кори ба Русияро ба иқдомҳои ҷониби Русия дар заминаи муваққатан мамнуъвурудии шаҳрвандони Тоҷикистон марбут донистанд.

Ба иттилои вазорат, 276 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи мамнӯъвурудӣ ба Русияро доранд. Ҳамчунин ба гуфтаи мақомоти вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ки боз 400 ҳазор тан аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия, шомили гурӯҳи риск ҳастанд.

Ҳоло мақомоти Тоҷикистон то 1 январи соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони кории ин кишвар длар Русияро ҳудуди 800 ҳазор рақам мезаданд. Аммо мақомоти Русия ин рақамро ҳудуди 1 миллион 200 ҳазор нафар арзёбӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG