Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аллаи хирси сафед дар сари гаҳвораи хирси сиёҳ


Аллаё, аллаё, хоби вазнинаш барад, аллаё, алла. Аз сари нав хоби гаронаш барад, аллаё алла. Илоҳӣ, ҷигараш резад, онеро, ки шуморо аз ҳамон хоби бароҳати гарони аввала бедор кард...

Да-а, аҷаб замоне буд... Шумоён чордаҳ нафарро мо хирсакони хурдакаки сиёҳ номида, бо «панҷараи оҳанин» аз халқи ҷаҳон ҷудо карда будем ва онҳоро бовар мекунондем, ки ҳамаи шумо бо ҳам бародар ва комилан озод ҳастед. Ба мардум мегуфтем, ки падару модари ҳақиқии ҳамаатон, мо хирсони сафед ба шумор меравем.

Мо тамоми корҳои «сиёҳ»-ро аз қабили ангиштканию уранкобӣ ва корҳои «сафед»-ро ба монанди пахтаю пилла ва аллюминию «сафедӣ» ба сару дўши шумо бор карда будем. Худамон чун падару модари ҳақиқӣ, танҳо роҳбарию дастафшонӣ мекардему, ҳосили кори шуморо ба марказ, ба лонаи худамон мекашидем, зеро урану пахта чизи нозук, шумо мумкин онҳоро гум кунед. Ногаҳон аз дастатон афтаду, онро шамол барад ё пишак хурад...

Ба шумо ҳам имкониятҳои беҳудуд ато карда будем. Ҳар кадоми шумо ҳақ доштед, ки аз тамоми ангуштҳои доштаи худатон кадомашро, ки хоҳед макида, ба роҳат хоб рафтан гиред. Касе ғанаби шуморо халалдор намекард. Хусусан ҳангоми хоби зимистона. Ана озодӣ! Ана давлатдорӣ!

Баъд шуморо касе бедор кард. Батарс бедор кард. Ба ҳама маълум: хирс тарсид, даррав дар эзораш... умуман ҳама ҷойро бўй мегиронад... Ана шумо ҳам, ҳар кадоматон аз ҷазир кардани лонаи худ сар кардед. «Сояи якдигарро аз девор метарошем!» гўён тамоми хонаҳоро валангор кардед. Ин бародарии дар тамоми китобҳою эълонҳо навишта куҷо монду...

Аллаё алла... Акнун як бало карда шуморо аз нав хобондан даркор. Хоби гарон... Вазнин... Бедорношуданӣ.

Майлаш, мо сарҳадҳоятонро бо бўямон нишона карда, ҳимоя мекунем, вагарна боз шумо ногаҳон беақлӣ карда, бо ҳамсояҳоятон оштӣ карданатон мумкин. Он гоҳ ба мақоли аз назари мо олиҷаноби «Ҷудо созу ҳукмронӣ намо!» халал меафтад. Миннатдориатон лозим нест. Мо ин корро танҳо барои раҳмхурӣ ба шумо мекунем.

«Сафедӣ»-ро ҳам худамон мебарем. Ба хирси сиёҳ сафедӣ намезебад. Даррав менамояд. Бинобар ин сафедиро ҳатман бояд хирси сафед барад. Шумо фақат гуноҳашро ба гардани худ гиред, шуд. Барои ин кор мо ба шумо чанд линча орду оҳак медиҳем. Онҳоро дар пеши назари мардум сўзонед. Боз ордро мисли асфалти роҳҳоятон дуздида, ба хонаҳоятон набаред. Мардум гумонбар шуданашон мумкин. Барои ин кор шуморо андаке алобуло кардан лозим. Пас аз ин ба шумо иҷозат дода мешавад, ки ангуштатонро макида, баҳузур хоб рафтан гиред... Аз ҳамин бедорӣ чӣ фоида? Аздусар хўрданӣ надоред. Воқеан, онҳоеро, ки барои дарёфт кардани сарқути хирси сафед ба лонаи вай барои мардикорӣ омада буданд, мо бо ҳар баҳона мерондем, меронем ва хоҳем ронд. Бигузор ҳама ба лонаи худашон баргашта ангушт лесанд.

Вақтҳои охир, баъзеи шумо дар хобатон ғур--ғур карда гап мезадагӣ шудаед. Ҳатто баъзан дар бедориатон ким-чи хел норозигӣ баён мекунед, ки: «Дар вақташ мо, хирсони «сиёҳ» шуморо чун меҳмон қабул намуда, ҳурмату иззат мекардему, хонаю дар, хўроку пўшок медодем. Акнун, ки мо ба лонаи шумо омадем, шумо моро «сарқутхўр» меномед ва бо ҳар баҳона меронед...»

Абсолютно нодуруст! Мо ба мулки шумо танҳо бо нияти «нек»-и ақлнишондиҳӣ омада будем ва хуб нишон ҳам додем!..

Акнун алла, аллаҷон... Аслан ҳозир гаҳвораи шуморо аз дигарон дуртар бурда ҷунбондан лозим. Боз ягон одами шўх, ногоҳ «Ваҳ!» гуфта намонад, ки ҳамаатон аз тарс эзоратонро вай... ҷазир кунед... Аллаё алла. Илоҳӣ хоби гаронатон бараду дигар ҳаргиз номаъқулиҳои... «корҳои нек»-и моро дам ба дам ба хотирамон оварда моро ташвиш надиҳед. Алла, алла...
XS
SM
MD
LG