Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беадолатӣ


974, 975, 976... Кадом ақлак ба ман ёд дод,ки агар то сад ҳисоб кунӣ, хобат мебарад? Оҳ агар ҳамон маслиҳатчӣ ҳозир як ба дастам меафтод! 977, 978, 979... Бори панҷум шуд, ки то ҳазор ҳисоб мекунам, лекин хоб дар ягон гўшаи чашмам нест! 980, 981, 982... Боз ким-кадом маҳмадонояш ҳар рўз аз карнаи радиёю телевизор дод мезанад, ки агар вақти хоб рафтан, корҳои рўзона кардаатро ба хотир биёрӣ, дарҳол барра барин хобат мебарад. Яъне,
Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,
К-имрўз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.

Канӣ, домулло... номам чӣ буд, э ин он қадар шарт ҳам набудагист, як фикр кунед чӣ, имрўз шумо чӣ номаъқулӣ... маъзарат, маъзарат... чӣ кору ниятҳои хубе барои мардуми ин қишлоқи зормондаатон кардед?.. Хўш кӣ бошад, Якум: Вақти молҳоямро ба пода баровардан, дуо кардам, ки «Илоҳӣ тамоми буқаҳои қишлоқ аз ҷар парида муранд!» Ҳамин, ки говҳои мардум аз шир монд, онҳо албатта ба хонаи ман ба ширу ҷурғотпурсӣ меоянд ва ман «Мана, ҳамсояҷон, ба ту шир!» гўён як чиликамро ба байни ду чиликам дароварда, ба онҳо нишон медиҳам. Ана, масхараи мардум мешаванд! 983, 984, 985...

Дар ҳамон сари пода фаҳмидам, ки хари Ҳасани харҷаллоб худаш худашро бо нўхтааш хафагазак карда ҳаром мурдааст. Нағз! Чӣ ҳалол мурда наметавонад?.. Хар? Боз беҳтар! Ҳамин, ки ба хонаи ман харпурсӣ омад, ман дарҳол боз ҳамон се чилики расмиамро ба вай нишон медиҳам! Ҳарчӣ тезтар фаҳмидан лозим, ки вай ҳезуми зимистонаашро дар куҷои ҷангал пинҳон мекунад. Онҳоро дуздида, ба хона овардан мумкин. 986, 987, 988...

Хабари хуше ба гўшам расид, ки бачаи беваи Солеҳа пулаш камӣ карда, аз имтиҳони донишкада чаппа шуда афтодааст. Бева акнун ба сари муаллимҳо дўғ намезанад, ки бачаи ман аълочӣ. Муаллим ба аълочигии вай чӣ кор дорад. Дар ҳамин даврони бурҳони иқтисод, яъне бўҳрони иқтисодия даврашба!.. Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту... Мардонқул ҳангоми бузкашӣ боз аз асп афтода, дасту пояшро шикастааст. Як кор карда, ҳамон гардани қоқашро ҳам як боракак мешикаст...Ҳе, зўр мешуд-да... Бе ҳамон ҳам он дасту пой умре доранд аз соҳибашон розӣ нестанд. Бечораҳо дигар ҷои мешикастагӣ ҳам надоранд. Ҳама пайвандӣ шуда рафтагӣ. 989, 990, 991...

Сафар - сағира боз мошини нав харидааст. Вай ин қадар пулро аз куҷо меёфта бошад?.. Ана боз хоби ба ҳамин душворӣ наздиковардаам аз сарам парид! Э пулёбиат сарата хӯрад ту сағираи бекафана 992, 993, 994!!!

Кали Розиқ зимистон аз ман даҳ дарза алаф қарз бурда буд. Ваъда кард, ки тобистон бист дарза карда медиҳад. Номаъқул кардааст! Аҳмақатро ёфтӣ! Зимистон даҳ дарза гирифтӣ, тобистон бист дарза бармегардонӣ! Вагарна, мана ба ту! Се чилики номӣ! 995, 996, 997... просенти аламнокиат зиёд мешавад. Ана хизмат! 998, 999...

Ин хурўси девонаавзоъ аз кист, ки бармаҳал ҷеғ зада, меҳнаткашро хобидан намемонад. Илоҳӣ ба линги Буш мубаддал гардию, ман шўрбочаатро хўрам... Эҳҳе, аллакай офтоб баромадааст-ку... Боз молҳои бечораи ман аз пода дер монданд....

Дар ҳақиқат, дар дунё ҳақиқат нест: ҳамин қадар ба мардум некӣ мекунию, боз молҳоят аз пода дер мемонанд ва як фарзанде ҳам надорӣ, ки ду-се шапалоқ ба паси каллааш фароварда, дилатро холӣ кунӣ. Беадолатӣ!..
XS
SM
MD
LG