Аз соли 1999 ҳамкори радиои Озодист. То соли 2001 дар дафтари "Озодӣ" дар шаҳри Душанбе ба ҳайси хабарнигор фаъолият дошт ва ҳоло дар шаҳри Прага кор мекунад.
Соли 1974 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Баъд аз хатми бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар соли 1997 ба ҳайси хабарнигор дар телевизиони "Пойтахт" ва хабаргузориву рӯзномаи "Азия Плюс" кор кардааст.
Имрӯз дар Озодӣ Онлайн дар бораи он гап мезанем, ки чӣ гуна муҳоҷирон музди кор талаб мекунанд ва барои ҳақталабӣ танбеҳ мегиранд, дар бораи пораву ришвахорӣ дар Тоҷикистон ҳам мегӯем. Фирору фишори баланди аъзои ҳизби ҳокими халқии демократӣ аз тарси микрофон, қисми дигари барнома аст.
Мушкил дар интиқоли пул ба Тоҷикистон, суҳбат бо милиса аз паси панҷара, нақби тираву тор ва пургарду ғубори Истиқлол ва баҳсҳо дар бораи духтарони атласпӯш дар зимистони сард аз мавзуъҳои барномаи имрӯз аст.
Сафари дароз ва гуруснаву ташна ба Тоҷикистон, шикоят аз пулситонӣ дар фурудгоҳ ва метросозии муҳоҷирон дар Русия видеоҳоест, ки имрӯз мебинем. Дар бораи даъвои модаре ҳам суҳбат мекунем, ки мегӯяд, писари бегуноҳашро қотил нишон медиҳанд.
Доду фарёд ва имдодхоҳии муҳоҷири тоҷик дар Русия, гурез ба ошёнаи 25-уми бино аз тарси милиса, қатори мошинҳо ва фарёди ронандагон дар Душанбе ва назарҳои тоҷикон ба эътирозҳои Эрон аз мавзуъҳои барномаи имрӯз аст.
Талабу дархости шумо дар бораи хидмат дар артиш, боздошти муҳоҷирон дар масҷиди Санкт Петербург ва гӯристони ноободи Кӯлоб, оташ гирифтани хонаи баландошёнае дар Душанбе дар барномаи Озодӣ Онлайн
Фирори ҷавонон ба кӯҳ аз тарси хидмат дар артиши Тоҷикистон, мурғпарварии муҳоҷирони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ ва манъи чорвопарварӣ дар қаламравҳои нави Душанбе аз видеову мавзуҳои барномаи имрӯз аст.
Тафтиши муҳоҷирон дар Русия то фасли зимистон ва "шикори сарбоз" дар Тоҷикистон мавзуъҳои имрӯз дар "Озодӣ Онлайн" аст.
Ёфтҳои бештар