Муроҷиати як зан ба мардони тоҷик, табибони машғули тамошои паёми президенту кӯдакони бемори пушти дар, қаҳри муҳоҷир аз бесавод номидани онҳо ва насиҳат ба Лоиқ Раҷабов аз видеоҳову мавзуъҳои суҳбати "Озодӣ Онлайн" аст. Аммо баръакси тамоми барномаҳои пешин, имрӯз на бо видео, балки бо садои як зани тоҷик оғоз мекунем.
Бонуи тоҷик садояшро сабт карда, ба мо фиристод ва чунин мегӯяд: "Ҳоло бачаҳои мо ба Русия рафта, зани рус мегиранд. Ҳангоми бозгашт аз кор як гул ваё як шоколад мегиранд. Фақат ба хотири ба даст овардани дили зани рус. Барои занҳои худашон ҳатто як сақич намегиранд. Ё ки дар зодрӯзашон як гул ҳадя намекунанд. Дашном мекунанд, мепартоянд ва ба Русия мераванд. Хоҳиш мекунам, ҳамин садои маро ба мардони тоҷик бирасонед. Агар бо зани тоҷик он гуна, ки бо зани рус рафтор мекунӣ, дӯстдорӣ кунӣ, ҷонашро фидои ту мекунад."
Муроҷиати ин бонуро ба воситаи "Фейсбук" гирифтем.
Ин ҳафта видеое ба дасти мо расид, ки рӯзи 26-уми декабр дар рӯзи муроҷиат ва ё паёми раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як шифохона ба навор гирифтаанд. Муаллифи видео навиштааст, "рӯзи паёми президент, халқ бо кӯдакони навзод ва ноболиғ мунтазир. На табиб аст, на парастор. Ҳама аз фаррош то сартабиб то соати 13 паём медиданд, халқ бо кӯдакон паси дар мунтазир. Намешуд, ки ҳаминро шом нишон медоданд," -- гуфтааст муаллифи видео.
Видеои дигареро як муҳоҷир фиристод ва ба як ҷавоне аз Сочи посух дод, ки дар барномаи пешини мо гуфт, "муҳоҷирон камсаводанд ва роҳҳои осони фиристодани пулро намедонанд".
Видеоҳои ҷолиб зиёд дорем, агар имрӯз видеои худро надидед, ҳафтаи оянда ҳатман нишон медиҳем.
Охири соли 2019 чашми бисёре аз тоҷикон ба сӯи Ню-Йорк буд ба рақобати Лоиқ Раҷабов размкори тоҷик, ки бозиро ба рақиби бразилиягиаш бохт. Бо вуҷуди шикаст, ҳама ба Лоиқ Раҷабов аҳсан хондаанд.
Аъзамҷон Шарипов дар Фейсбук навиштааст, "дилшикаста набояд шуд. Ин таҷрибаҳо ба ту дарс мешавад ва дар оянда пайиҳам пирӯзӣ меорад. Ту арзанда ҷангидӣ".
Диловаршо Диловар ба Лоиқ Раҷабов насиҳат кардааст, ки агар усулҳои гуштии миллиро ба кор мебурд, шояд пирӯз мешуд. Ӯ навиштааст, "аз усули гуштии тоҷикӣ, самбо ва усулҳои дардовар истифода набурдед. Ин эрод ба мураббиёни шумо. Вале дар умум офарин."
Саиднуриддин, корбари вебсайти Радиои Озодӣ, ҳам чанд эроде доштааст, ки онро мехонем: "Хеле мехостам, дар чунин мусобиқаҳо аввал табиб муоина мекард ва иҷозат медод. Чизе, ки дар муҳорибаи шумо дида нашуд. Шояд ба қавле "тоҷикӣ" кардед, ки оқибаташ шикаст буд."
Баҳодур дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, ба ояндаи хуби Лоиқ Раҷабов бовар дорад. Вай гуфтааст, "бовар дорам, дар оянда сазовори камарбанд ва 1 миллион доллар мешавед. Ҷоғи рақиби шумо Натан Шулт аз Бразилия воқеан ҳам сахт будааст. Ҳар қадар задед, аз пой наафтод."
Шумо ҳам назару эродҳои худро ба Радиои Озодӣ фиристед. Вайбер, Вотсапп, Телеграму Имо дорем. То дидор дар барномаи дигар.