Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посух ба бонуи тоҷик, ҷамоати холӣ, роҳи вайрон ва хайри муҳоҷир дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Урёну латту кӯб кардани муҳоҷирони тоҷик, мардуми интизори пушти дари ҷамоат дар Муъминобод, роҳи хароби Зафаробод ва кумаки муҳоҷири тоҷик ба пирамарди дармондаи рус аз мавзуъ ва видеоҳои “Озодӣ Онлайн”-и имрӯз аст.

Дар оғози барнома видеоеро мебинед, ки як ҷавони тоҷик аз як боздоштгоҳи Маскав фиристодааст ва аз латту кӯб шудани чанде аз муҳоҷирон шикоят мекунад. Муаллифи видео баъдан ба Радиои Озодӣ навишт, ду нафар аз боздоштшудаҳоро ҷавоб доданд, нафари саввумро на.

Аз Русия меравем ба ҷамоати ба номи Нуралишо Назаров дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон. Видеоро яке аз сокинони корафтода фиристод ва нақл кард, кӣ рӯзи душанбеи гузашта дар онҷо чӣ дид.

Муроҷиати як бонуи тоҷик, ки дар барномаи гузашта аз бемеҳрии мардон шикоят кард, баҳси дарозеро дар саҳифаи мо дар Инстаграм барангехт.

Корбаре бо номи “Ҷакитсонс” навиштааст, “ин зан рост мегӯяд. Духтари мардум барои мазоҳ нест. Падару модари духтар бо як ҷаҳон умед ҷигарбандашро ба ту додааст. Духтари мардумро хору зор накунед.”

Барномаро дар инҷо бинед:

"Ҳамроҳи моро тани луч карда, се рӯз заданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Корбари дигаре бо номи Меҳроб Назаров гуфтааст, айби худи бонувони тоҷик низ ҳаст, ки шавҳар ба онҳо номеҳрубонӣ мекунад. Ӯ навиштааст: “Агар занҳои тоҷик мисли занҳои рус бо шавҳар муомилаи хуб кунанд, ягон мард зану фарзандро монда, дар мулки ғариб ҳамсари дигар намегирад.”

Зиёд Юнус корбари дигари саҳифаи мо дар Инстаграм ба бонувони тоҷик тавсия додааст, ки ба қадри худашон бирасанд, то дигарон онҳоро қадр кунанд. “Теъдоди зиёди занони рус қадру қиммати худро медонанд, ки бе шавҳар зиндагӣ кардан мумкин аст, аз уҳдаи хеш бармеоянд ва аз ин рӯ ба ягон дағалии мардҳо тоқат намекунанд. Мардҳо ҳам бо онҳо мисли инсон рафтор мекунанд,” – навиштааст ӯ.

Дар барнома видеоеро мебинем, ки аз ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд фиристодаанд. Муаллифаш дар Вотсапп ба Радиои Озодӣ навишт, ду сол пеш ба мумфарш кардани роҳи 30-километрӣ оғоз намудаанд. “Вале 10 километраш монд ва ҳеҷ касе нест, ки ба доди мардуми шаҳраки Бахтӣ бирасад ва 10 километри боқимондаро таъмир кунад,” – шарҳ додааст ӯ.

Бармегардем ба Русия, ба назди як муҳоҷири тоҷик, дар Красноярск ки мегӯяд, пирамарди дармондаи русеро дар роҳ ёфта кумак кардааст. Ба қавли муаллиф, пирамардро аз хонаи пиронсолон рондаанд.

Шумо ҳам видеову аксу назарҳои худро ба мо тавассути ин шумора +420 607 900 808 бифиристед, ба ҳар василае, ки мехоҳед. Вотсапп вайбер ва ё телеграму имо дорем. Назару андешаҳоятонро ҳам сабт карда бифристед, албатта, нашр мекунем.

XS
SM
MD
LG