Як хонаводаи қазоқ аз рустои дурафтодаи Қазоқистон бо зан ва шаш фарзандаш ба Сурия рафтааст. Онҳо шабона ба роҳ баромадаанд ва ба хешовандони худ гуфтаанд, ки “ба Бишкек мераванд, то барои кӯдаконашон либос бихаранд”.
Волидони Умаралӣ мегӯянд, бо ташхиси тиббӣ-додгоҳии ҷасади фарзандашон, ки мегӯяд, гӯё аз вируси шадиди респираторӣ фавтидааст, розӣ нестанд ва ташхиси дубора хоҳанд гузаронд.
Муовини нахуствазири Қирғизистон мегӯяд, ки ба пешниҳоди онҳо дар бораи табодули 12-гектарӣ замини баҳсбарангез миёни Душанбе ва Бишкек ҳамтои тоҷикаш чандон дилгармӣ нишон надодааст.
Як узви Палатаи ҷамъиятии Перм мегӯяд, татбиқи қонуни нави муҳоҷират дар Русия ба гурӯҳҳои зиёд имкон додааст, ба ҷайби муҳоҷирон даст дароз кунанд. Аз ҷумла, барои миёнравӣ барои дарёфти иҷозаи кор, шаҳотаномаи имтиҳони забону таърихи Русия.
Рӯзи якшанбеи 25 октябр дар Украина интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ баргузор мешавад ва онро коршиносон нишондиҳандаи субот дар Украина арзёбӣ мекунанд.
Ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург мегӯяд, мақомоти он шаҳр ба онҳо ваъда додаанд, ки дар робита ба қазияи марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳа парвандаи ҷиноӣ боз хоҳанд кард.
Сафири Тоҷикистон дар Исломобод мегӯяд, Покистон нахустин намоишгоҳи саноати сабукашро дар Душанбе баргузор карда, ҳадаф дорад, дар бозори ин кишвари Осиёи Марказӣ ҷойи по биёбад.
Бишкек барои таъмини амният дар рӯзи бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Қирғизистон тадбирҳои шадидро дар назар гирифтааст.
14 октябр дар чаҳорчӯбаи “Рӯзи касбии соҳибкорон” дар шаҳри Душанбе “Анҷумани байналмиллалии соҳибкорон, Душанбе-2015” баргузор мешавад.
Мулоқоти рӯзи 28-уми сентябр миёни Барак Обама ва Владимир Путин дар Ню-Йорк ба эҳтимоли зиёд дидори ҷиддӣ ва муҳим роҷеъ ба масъалаҳое аз қабили Сурияву Украина хоҳад буд.
Як гурӯҳ аз ҷангиёни тоҷику узбак ва чеченҳо аз гурӯҳи Давлати исломӣ ҷудо шуда ва ба Ҷабҳаи Ан-Нусра, ки шохаи Ал-Қоида дар Сурия мебошад, пайвастаанд.
Ҳайатҳои Русияву Тоҷикистон тайи се рӯз дар Маскав масоили марбут ба будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро баҳс кардаанд. Дар охири ҳафтаи гузашта ҳукумати Русия пешнависи қарордод дар бораи реадмиссия бо Тоҷикистонро ба тасвиб расонд.
Дар Қирғизистон талошҳои боз кардани парванда барои лату кӯби зани ҳомилаи қирғизтабори шаҳрванди Тоҷикистон идома дорад.
Ҳукумати Русия пешнависи қарордод дар бораи реадмиссия бо Тоҷикистонро ба тасвиб расондааст ва мехоҳад ин қарордодро бо Душанбе имзо кунад.
Таҳлилгари масоили динӣ Фаридун Ҳодизода мегӯяд, бо баста шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон аъзои радикал ё тундрави ин ташаккули сиёсӣ эҳтимолан ба фаъолиятҳои зеризаминӣ гузаранд.
Додситонии кулли Қирғизистон мехост се номзад ба вакилии парлумонро ба масъулият кашонад, вале Кумиссиюни интихобот ба ин иҷозат надод.
Интихоботи маҳаллӣ дар Русия як навъ назарпурсиии ғайрирасмӣ хоҳад буд, ки оё ҷумҳуриҳои мухтори Федератсияи Русия аз қабили Тотористон дар оянда “раиси ҷумҳур”-и худро хоҳанд дошт ё на.
Нурсултон Назарбоев пешниҳод кардааст, ки ба Қазоқистон номи рамзии "Сарзамини Биёбони Бузург" ё "Ули дала Ели" дода шавад.
Бо оғоз шудани мавсими ҷамъоварии пахта дар рустоҳои вилояти Самарқанд баргузор кардани арусиҳо ва ё базмҳои суннатӣ мамнуъ эълон шудааст.
Дар ин рӯзҳо дар маҳофили сиёсии Қазоқистон дар бораи баргузории интихоботи зудраси парлумонӣ сӯҳбатҳо доғ шудааст.
Ёфтҳои бештар