Бо вуҷуди ин, ки мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Самарқанд дастури манъи арӯсиҳо ва ё базмҳои суннатӣ дар мавсими ҷамъоварии пахтаро ба таври расмӣ пахш накардаанд, вале он ба таври шифоҳӣ ба муассисаҳо ва тарабхонаҳо расонда шудааст.
Як сокини ноҳияи Иштихони вилояти Самарқанд ба бахши узбакии Радиои Озодӣ навиштааст, ки хонаводаи онҳо мехост базми арусии хоҳарашро 10 сентябр баргузор кунад. Вале тарабхонаҳои ноҳия фармоиши онҳоро барои 10 сентябр қабул накардаанд ва гуфтаанд, ки ба онҳо дастур расидааст, ки ба сабаби ба ҷамъоварии пахта сафарбар шудани аҳолӣ, аз 5 сентябр то 10 октябр тарабхонаҳо фармоиши аҳолиро барои ҳар гуна базм қабул накунанд. Ба ин сабаб, онҳо маҷбур шудаанд арӯсии хоҳарашро ба таври фаврӣ 5 сентябр баргузор кунанд. Ба навиштаи ин хонандаи сомонаи Радиои Озодӣ, баъзеҳо маҷбур шудаанд, ки тӯйҳои худро на дар тарабхона, балки дар ҳавлиҳои худ дар ҳолати саросемагӣ баргузор кунанд ва ин кор ба онҳо ташвишҳои иловагӣ ба бор овардааст.
Абдулло, яке аз сокинони шаҳри Самарқанд дар мусоҳиба бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи дастури шифоҳии баргузор накардани тӯйҳо гуфтугӯҳо дар байни мардум вуҷуд дорад ва он бештар ба аҳолии ноҳияҳо дахл дорад: “Дар бораи ин ки дар давоми якмоҳаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Самарқанд тӯйҳои арусӣ ё суннатӣ гузаронида нашавад, дар байни мардум овозаҳо ҳаст. Ба фикри ман, ин дастуре, ки додаанд, ба аҳолии ноҳияҳое тааллуқ дорад, ки ба пахтакорӣ машғуланд. Сокинони шаҳр ҳам ба ноҳияҳо ба пахтачинӣ мераванд. Вале маъракаҳои худро бегоҳ баргузор мекунанд ва он ба мавсими ҷамъоварии пахта халал намерасонад”.
Дар ноҳияи Каттақурғони вилояти Самарқанд низ раҳбарони ноҳия ба тарабхонаҳо даҳонӣ дастур додаанд, ки дар давоми як моҳ аз баргузории базмҳо худро канор гиранд. Яке аз соҳибони чунин тарабхона ба радиои Озодӣ навиштааст, ки онҳоро 2 сентябр ба маркази ноҳия даъват кардаанд ва гуфтаанд, ки мардумро дар тарабхонаҳояшон ҷамъ накунанд ва ба ҷамъоварии пахта халал нарасонанд. Ҳатто ба онҳо гуфтаанд, ки худи онҳо низ ба ҷамъоварии пахта бароянд.
Гузашта аз ин, беш аз пеш ин хабарҳо пахш мешаванд, ки дар ин рӯзҳо кормандони муассисаҳои давлатӣ ва донишҷӯёнро ба ҷамъоварии пахта сафарбар хоҳанд кард. Дар водии Фарғона чунин сафарбарӣ аз ҳоло оғоз шудааст. Абдулло мегӯяд, дар вилояти Самарқанд низ омодагӣ ба ин кор мушоҳида мешавад: “Хабарҳо паҳн мешаванд, ки баъд аз 10-12 рӯз донишҷӯён ва баъзе коргарони муассисаҳои давлатӣ ба пахтачинӣ сафарбар мешаванд. Шояд донишҷӯён барои як моҳ мераванд, вале кормандони муассисаҳои давлатӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе мераванд ё ки ба навбат даҳ рӯз-даҳ рӯз мисли ҳарсола сафарбар хоҳанд шуд ва баъд аз ҳар даҳ рӯз гурӯҳи дигар меравад ва то охири мавсими ҷамъоварӣ ин кор идома меёбад”.
Таҳлилгарон: Бори пахтачинӣ ба дӯши кӯдакони ӯзбак аст
Дар шаҳри Ҷиззах низ фаъолони маҳаллаҳо хона ба хона меграданд ва аз хонаводаҳо забонхат мегиранд, ки як узви хонаводаи худро то поёни мавсим ба пахтачинӣ мефиристанд. Манобеи Радиои Озодӣ ҳамчунин менависанд, ки дар вилоятҳо ва шаҳрҳои дигари Узбакистон низ аз мардум забонхат гирифтаанд ва дар ин забонхатҳо ҳатто ному фамилия ва маълумотҳои шиносномаи онҳо сабт шудааст.
Абдулло-сокини шаҳри Самарқанд мегӯяд, раҳбарони маҳаллаҳо дар ин шаҳр низ бо мардум сӯҳбатҳо баргузор кардаанд: “Ин ҷо раисони маҳалла бо мардум сӯҳбат карданд. Гуфтанд, ки хоҳ дар давоми мавсими пахтачинӣ ва ё баъди он аз 5 сентябри ҳамин сол бояд шумораи ширкаткунандагони тӯю маъракаҳоро кам кунанд. Масалан, гуфтанд, ки ҷашнҳои 50 солагию 60 солагӣ ё дигар маъракаҳо бояд дар хонаводаҳо, дар ҳавлиҳо гузаронда шаванд. Ҳамин гуна дастур аз тарафи раисони маҳалла ба мардум гуфта шудааст”.
Дар Узбакистон ҷалби иҷбории аҳолӣ ба ҷамъоварии пахта дар гузаштаҳо низ мушоҳида шуда буд ва онро созмонҳои байналмиллалӣ сӯистифода ё истисмори нируи корӣ арзёбӣ карда буданд.