Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, шояд ба зудӣ бо Путин мулоқот кунад

навшуда

Доналд Трамп ва Владимир Путин
Доналд Трамп ва Владимир Путин

Мумкин аст, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳафтаи оянда бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кунад. Агар чунин шавад, ин мулоқоти аввалини рӯ ба рӯи раҳбарони Русияву Амрико пас аз таҷовузи Русия ба Украина дар соли 2022 хоҳад буд, ки пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум бузургтарин ҷанг дар як кишвари аврупоӣ аст.

Бино ба гузоришҳо, Трамп рӯзи чаҳоршанбе ба раҳбарони кишварҳои аврупоӣ гуфтааст, қасд дорад, ки бо Владимир Путин мулоқот кунад ва сипас дидори сеҷонибае бо ширкати Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дошта бошанд.

“Мо имрӯз бо раисҷумҳур Путин гуфтугӯи бисёр хубе доштем. Имкони бисёр хубе ҳаст, ки равандро ба поён расонем ва ба поёни роҳ бирасем. Роҳи бисёр дароз буд, шояд ҳамчунон дароз бимонад, вале имкони хубе ҳаст, ки базудӣ мулоқот кунем,” – афзуд ӯ.

Пештар аз ин Стив Виткоф, фиристодаи вижаи Амрико, рӯзи 6-уми август бо Путин мулоқот дошт. Маскав гуфтугӯҳоро судманд ва созанда хонд. Аммо Путин ва Зеленский аз моҳи декабри соли 2019 мулоқоте накардаанд ва нафрат ба якдигарро пинҳон ҳам намедоранд.

Видео дар инҷо:

Трамп гуфт, эҳтимол бо Путин мулоқот кунад. Кай?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00


“Бояд мутмаин шавем, ки онҳо касеро фиреб надиҳанд”

Ин ҳаракатҳои дипломатӣ чанд рӯз пеш аз поёни мӯҳлате сурат мегирад, ки Трамп ба Русия дода, гуфтааст, ки агар ҷангро дар Украина бас накунад, зери таҳримҳои сахти иқтисодӣ қарор мегирад.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Амрико, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки зоҳиран шеваи сахтгиронаи Вашингтон натиҷа медиҳад.

“Ба назар мерасад, ки Русия акнун бештар ба баррасии оташбас мойил аст. Фишор ба онҳо самар медиҳад. Аммо нуктаи аслӣ ин аст, ки бояд мутмаин шавем, онҳо дар ҷузъиёт касеро фиреб надиҳанд, на моро ва на Иёлоти Муттаҳидаро,” – гуфт ӯ.

Бино ба гузоришҳо, шояд Русия қатъи ҳамлаҳои ҳавоиро ба Украина пешниҳод кунад, ки барои ҳарду тараф сабукӣ медиҳад. Аммо ин пешниҳод мутобиқ ба хостаи Украинаву Амрико нест, ки моҳҳо боз мехоҳанд, созиши оташбаси фаврӣ сурат бигирад.

Баъди аз сар гирифтани музокироти мустақими сулҳ дар моҳи май, Русия ба Киев ҳамлаҳои сахти ҳавоӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушт. Доналд Трамп ҳафтаи гузашта ин ҳамлаҳоро “нафратангез” хонд.

Манобеи наздик ба ҳукумати Русия ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтаанд, гумон аст, ки Путин ба таҳдидҳои Трамп тан бидиҳад, зеро бовар дорад, ки ҷангро мебарад ва расидан ба ҳадафҳои низомии худро болотар аз беҳтар кардани муносибати Русия бо Амрико мешуморад.

XS
SM
MD
LG