Путин дар ин бора рӯзи шанбе зимни суханронии телевизиониаш дар Кремл ва бо гузашти беш аз се сол аз оғози ҷанг ба зидди Украина суҳбат кард.
Доналд Трамп президенти Амрико, ки мехоҳад ҳамчун раиси ҷумҳури сулҳҷӯ дар ёдҳо монад, пешниҳоди Путинро "рӯзи эҳтимолии бузург барои Русия ва Украина" номид.
Трамп баръакси раиси ҷумҳури собиқ Ҷо Байден аз талаби хуруҷи фаврии нерӯҳои Русия аз Украина даст кашид ва ба ҳарду ҷониб фишор овард, то ба оташбаси муваққатӣ розӣ шаванд.
Зеленский ва дигар муттафиқони ғарбӣ ба ин пешниҳод мухолифат карданд ва гуфтанд, ки оташбас ба Русия имкон медиҳад, ки нерӯҳояшро барои ҳамлаҳои минбаъда аз нав ҷо ба ҷо кунад. Аммо зери фишори Амрико пешниҳоди оташбаси муваққатиро қабул карданд.
Раҳбари Украина гуфт, ин "аломати мусбати он аст, ки русҳо билохира имкони хатми ҷангро баррасӣ мекунанд", аммо "қадами аввал барои хатми ҳамагуна ҷанг оташбас мебошад.” Вай гуфт: "Мо интизорем, ки Русия аз 12 май оташбаси комил ва пойдорро тасдиқ кунад ва Украина барои мулоқот омода аст."
Рӯзи шанбе Зеленский ва раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо изҳор доштанд, ки аз оташбаси 30-рӯза, ки қадами аввал аст, пуштибонӣ мекунанд.
Аммо ба қавли Путин ҳамагуна оташбас як масъалаи музокирот хоҳад буд, ки ба гуфтаи ӯ, эҳтимолан дар охири ҳамин ҳафта дар Истанбул доир мешавад.
Президенти Русия афзуд, ки имкони ба мувофиқа расиданро бар пояи “баъзе созишҳо ва оташбаси нав" аз эҳтимол дур намедонад, аммо ин қадами аввал дар роҳи сулҳи "устувор" хоҳад буд.
Путин гуфт, Русия чанд гузинаи оташбасро пешниҳод кардааст, аз ҷумла қатъи ҳамлаҳо ба иншооти энержӣ, оташбас дар иди Пок ва ахиран оташбаси 72-соата барои таҷлил аз 80-умин солгарди пирӯзии Шӯравӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳониро. Аммо ҳеҷ яке аз инҳо собит набуд ва тарафҳо якдигарро дар риоят накардани оташбас муттаҳам карданд.
Гуфтугӯ