Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои бидуни шарҳи Саймуддин Дӯстов


Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов

​Маълум нест, Саймуддин Дӯстов - яке аз медиа-магнатҳои матраҳи Тоҷикистон - чаро истеъфо додааст. Аммо изҳороти ӯ маҳфилҳои сиёсӣ ва хабарнигории ин кишварро сахт дар ҳайрат андохт.

Истеъфои ғайримунтазира ва бидуни шарҳи Саймуддин Дӯстов – муассиси ҳафтаномаи "Нигоҳ", хабаргузории "Тоҷнюз" ва раҳбари созмони таҳлилии ИНДЕМ саволҳои зиёдеро халқ кардааст, ки оё дар пушти ин моҷаро чӣ меистад ва ҷойгузини ӯ кӣ хоҳад буд?

Худи Дӯстов аз ифшои ҳамагуна сабабҳои истеъфояш худдорӣ мекунад ва дар изҳороташ дар Фейсбук ва, ҳамин тавр, дар сӯҳбати рӯзи 24-уми марташ бо Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи ҷадиде рӯи даст дорад, ки бисёриҳоро ба ҳайрат хоҳад овард, аммо дур аз ҳолу ҳавои журналистӣ ва коршиносӣ.​ "Гирифтани чунин тасмим бароям осон набуд, вале тавонистам чунин иқдом кунам ва дар зиндагии дигаре, ки оғоз хоҳам кард, муваффақ хоҳам шуд," - изҳор дошт Саймуддин Дӯстов.

Вай афзуд, Наврӯз - соли нави хуршедиро алакай бо самтҳои нави корӣ пешвоз гирифтааст, аммо ба саволҳои батакрори Озодӣ боз ҳам посух надод, чӣ омилҳову сабабҳое вуҷуд доштанд, ки аз саҳнаи матбуоту коршиносӣ канор равад ва самти нави фаъолияташ чӣ мешавад. Дар ҳоле ки хабаргузории таҳти итоати ӯ аз оҷонсиҳои иттилоотии муваффақ ва нашрияи “Нигоҳ”-аш хонданӣ тавсиф мешуд.

Саймуддин Дӯстови 42-сола, зодаи ноҳияи Файзобод буда, соли 1997 донишгоҳи Челябински Русияро хатм кардааст. Ӯ дар оғози соли 2000-ум ба Тоҷикистон омад ва нахуст дар бахши таҳлилии ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба кор пардохта, дар интихоботи парлумонии соли 2005 аз ҳавзаи якмандатии Файзобод номзад ба мақоми вакилӣ шуд, аммо пирӯз нагардид. Баъдан, дар соли 2006 нашрияи “Нигоҳ” ва дар соли 2009 оҷонсии иттилоотии “Тоҷнюз”-ро ба забони тоҷикӣ ташкил карда, дар соли 2014 варианти русии ин хабаргузориро фаъол намуд.

Ҳарчанд худи Саймуддин Дӯстов иллатҳои истеъфояш аз раҳбарии ИНДЕМ ва нашрияи "Нигоҳ"-ро ошкор намекунад, аммо баъзеҳо ҳадс мезананд, шояд яке аз сабабҳояш фишори сиёсӣ бошад. Ба бовари ин гурӯҳ, Дӯстов вақтҳои охир аз паёми солонаи раисиҷумҳур, шеваи баргузории интихоботи парлумонӣ ва таъини Рустами Эмомалӣ ба мақоми раиси оҷонсии зидди фасоди молӣ сахт интиқод кард ва ҳафтаномаи "Нигоҳ" низ аз ангуштшумор расонаҳои хеле бараҳнагӯ ё ошкоргӯст, ки ҳатто фаъолияти афроди аввали кишварро ба танқид мекашад ва гоҳо ба ҳарфу ҳиҷои онҳо "луқма" низ мепартояд.

Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, мегӯяд, Дӯстов мушкили ҳалношуда надошт. "Ҳар масъалае, ки марбут ба фишор буд, расонаӣ кард. Аз дигар гапу кораш хабар надорам. Дар қазияи “Тоҷиксодиротбонк” ва баҳисобгирии ҳафтаномаи “Нигоҳ” фишор буд, вале онҳо ҳалли худро ёфта буданд. Бояд кор мекард," - афзуд ӯ.

Қаршибоев идом дод, "пештар аз ин тасмими Саймуддин Дӯстов бо ӯ дар маҳфили сардабирон сӯҳбат доштем, вале чизе дар ин бора нагуфт. Ин гап баъд пайдо шуд."

Зимнан ақидаҳое ҳам вуҷуд дорад, ки бо рафтани Дӯстов "Нигоҳ"-и ӯ низ шояд мавзеи нисбатан нармтареро бигирад. Бархеҳо ҳатто ҳадс мезананд, бо айни шева, яъне "равондан"-и раҳбарони кунуниашон шояд ба зудӣ нашрияҳои дигари мунтақид, барои мисол, "Азия-Плюс" ва "Озодагон"-ро ҳам "лаҷом" бизананд. Ин таҷриба дар соли гузашта ҳам дар Тоҷикистон дар мисоли Радиои "Имрӯз" таҷриба шуда буд.

Хуршеди Атовуллоҳ
Хуршеди Атовуллоҳ

Хуршеди Атовуллоҳ, раиси маркази таҳқиқоти журналистӣ ва сардабири нашрияи “Фараж” мегӯяд, бо истеъфои Саймуддин Дӯстов сафи муассисону сардабирони боҷасорати нашрияҳои мустақили сиёсӣ дар Тоҷикистон камтар шуд, ки ин ӯро нигарон мекунад. Ӯ мегӯяд, “фикр мекунам, Зафари Сӯфӣ, муассиси “Озодагон” бо сабабҳои оилавӣ дар Тоҷикистон нест. Умед Бобохонов, муассиси “Азия-Плюс” ҳам амалан дар Тоҷикистон ҳузур надорад. Аз пайи инҳо истеъфои Саймуддин Дӯстов, ки воқеан таҳлилгари боҷуръат аст, маро нигарон кардааст.”

Аз тарафи дигар, ба гуфтаи Хуршеди Атовуллоҳ мушкили молии расонаҳо метавонад яке аз сабабҳои аз саҳнаи матбуот канор рафтани Саймуддин Дӯстов бошад: "Ҳоло вазъи молии рӯзномаҳои сиёсӣ бадтар шудааст. Мумкин, то моҳи август бисёре аз онҳо боқӣ намонанд. Фикр мекунам, то андозае ин масъала низ шояд дар истеъфои Дӯстов нақш дошта бошад."

Ин нахустин истеъфои соҳибони нашрияҳо дар Тоҷикистон ва дур шудани онҳо аз саҳнаи матбуот нест. Дар соли 2011 Зафар Абдуллоев - муассиси хабаргузории "Авесто" , сомонаи "Замон.Тҷ" ва нашрияи "Факты и комментарии" низ бо эълони он ки аз саҳнаи рӯзноманигорӣ канор меравад, расонаҳояшро дар ихтиёри Ҷамшед Улмасов гузошта буд. Ҳоло аз расонаҳои Абдуллоев танҳо "Авесто" фаъол аст ва он ҳам асосан бо пахши хабарҳои кӯтоҳ иктифо мекунад.

Орзу Исоев
Орзу Исоев

Дар соли 2014 дар пайи як силсила барномаҳои пурсарусадои "Сӯҳбати рӯз"-и Орзу Исоев, Рустами Ҷонӣ аз мақоми раҳбарии радиои "Имрӯз" рафт. Худи Рустами Ҷонӣ вуҷуди ҳар навъ омили фишор дар тасмими рафтанаш аз ин радиоро рад мекард, вале бисёриҳо мутмаин буданд, ки далели асосӣ ҳамин барномаи Орзу Исоев аст, ки ҳар субҳ пахш мешуд. Зимнан, ба дунболи Рустами Ҷонӣ Орзу Исоев низ тарки радиои "Имрӯз" кард ва лаҳни ин шабака, ба гуфтаи бисёре аз шунавандагонаш, дигар он қадар тунде нест, ки дар замони Орзу буд.

XS
SM
MD
LG