Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ: Музокирот ба сари роҳи Ворух ва иншооти обӣ ҳанӯз ба поён нарасидаст


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 11-уми феврали 2025
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 11-уми феврали 2025

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки кашидани хати сарҳад бо Қирғизистон “ҳал шуд”, аммо музокирот бар сари чанд масъала ҳанӯз идома дорад.

Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт: “Дар бораи роҳе, ки бояд байни Воруху Исфара сохта шавад. Онҷо чанд масъалаи техникӣ мондааст, ки бояд гурӯҳҳои корӣ хулосабарорӣ кунанд.”

Ба ҷуз ин, ба гуфтаи вазир, “як қатор объектҳои обӣ низ то ҳозир зери баррасии гурӯҳҳои корӣ аст. Яъне, чӣ гуна дар оянда ба ду давлат хидмат мекунанд ва истифодабарии онҳо чӣ хел ба роҳ монда мешавад.”

Намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 4-уми декабри соли 2024 дар бораи ба созиш расидани ҷонибҳо бар сари мушаххас кардани марз хабар доданд. Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон, дар поёни моҳи январ гуфт, ҳангоми нишонагузории сарҳад эҳтимол ду кишвар баъзе аз шаҳрвандони худро мекӯчонанд.

То имрӯз ҳар ду ҷониб ҷузъиёти тавофуқ ва замони ба имзо расидани санади ниҳоиро ошкор накардаанд. "Пеш аз тамом кардани музокирот дар мавриди кай имзо шудани Аҳдномаи сарҳад чизе гуфта наметавонем. Ба имзо расонидани Аҳднома вобаста аст аз масъалаҳое, ки мондааст. Вақте ин масъалаҳо ба анҷом мерасад, бояд Аҳднома расмиёти дохилидавлатиро дар ду ҷониб гузарад," – гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, пеш аз имзои санади ниҳоӣ дар мавриди марз, бояд ду санад ё протоколи байниҳукуматии дигар дар мавриди роҳҳо ва иншооти обӣ ба имзо бирасанд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки “ҳадафи мо ҳалли ниҳоии масъала бо асоси қонунӣ ва риояи манфиатҳои ду ҷониб аст", ки "бовар дорем, рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Гуфтушунид ба сари роҳи Ворух идома дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

То имрӯз ҳамаи давраҳои гуфтушуниди топографҳо ва ҳайатҳои давлатӣ паси дарҳои баста ҷараён гирифта, ҳеч гуна тафсилоте дар бораи минтақаҳои баҳснок расонаӣ нашудааст. Тарафҳо дар бораи он ки хати нави марз кадом қаламравҳоро ба кадом кишвар вогузор мекунад, низ ҷузъиёте надоданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG