Норозиён ин ниҳодро айбдор карданд, ки бо нашри чунин навор ихтилофро дар ҷомеа бештар ва рӯҳияи исломбадбиниро дар Олмон афзун мекунад. Мақомот гуфтанд, таассуф мехӯранд, ки ин навор дар ҷомеа нофаҳмиҳоро ба бор овард.
Дар наворе, ки вазорат рӯзи 2-юми сентябр дар шабакаи “X” нашр кард, рӯҳонии мусалмон зери мусиқии тарсовар дар филми тасвирӣ зани ҷавонеро фурӯ бурда, таҳдидомез механдад. Дар филми тасвирӣ дар натиҷа ин зан ба хонуми ҳиҷобдор табдил меёбад, ки бо ашки чашм ошхонаро пок мекунад ва ҳамсари дуюм шудааст.
Никол Голке, вакили Бундестаг, порлумони Олмон, дар шабакаи "X" навишт, ки "навор пурра нажодпарастона аст". Вай гуфтааст, бояд ба зидди мусалмонбадбинӣ дар ҷомеа мубориза кунем.
Видео замоне нашр шуд, ки дар ду вилояти Олмон ҳизби "Алтернатива барои Олмон", ки зидди қабули муҳоҷирон изҳорот медиҳад, пирӯзӣ ба даст овард.
Ферат Кочак, вакили порлумони Олмон, дар шабакаи "X" навиштааст, вақте Вазорати корҳои дохилӣ рӯирост бадбиниро ташвиқ мекунад, пас, интизори пирӯзиҳои бештари ҳизби "Алтернатива барои Олмон" шуд.
Масъулони Вазорати корҳои дохилии Бавария наворро пок карда, дар суҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ гуфтанд, танқидро қабул доранд, аммо ҳадафашон танҳо мубориза бо тундгароӣ дар ҷомеа ва огоҳ кардани мардум аз хатарҳои ифротгароии исломӣ буд.
Муҳоҷири тоҷик: "Эҳсос мешавад, ки..."
Баъзе аз тоҷикони муҳоҷир дар Олмон мегӯянд, рӯҳияи исломбадбиниро дар ҷомеа "кам-кам" эҳсос мекунанд. Шумораи тоҷикон дар Олмон дақиқ нест, аммо садҳо тоҷикистонӣ дар ин кишвар ҳамчун паноҳҷӯ, муҳоҷири корӣ ва донишҷӯ ба сар мебаранд.
Аброр Қаюмов, ронандаи мошини борбар дар Олмон, ки панҷ сол боз дар ин кишвар зиндагӣ дорад, гуфт, ду соли охир эҳсос мекунад, ки як андоза бархурд бо муҳоҷирон дигар шудааст. Ӯ гуфт, "олмониҳо рафтори дипломатӣ мекунанд, вале эҳсос мешавад, ки нисбат ба муҳоҷирони мусалмон сахтгир шудаанд."
Ин муҳоҷири тоҷик ҳамзамон ба ин назар аст, ки муҳоҷирон бо рафторҳои нодурусти худ чунин андешаро дар зеҳни мақомот ва мардуми маҳаллӣ ба бор овардаанд:
"Хабар чоп шуд, ки тоҷикон қасди таркондани калисои қадимӣ дар Олмонро доштаанд. Чанд муҳоҷири афғону суриягӣ ҷиноят содир карданд. Баъд аз ин олмониҳо дар ҳамкорӣ ва муносибат бо муҳоҷирон эҳтиёткор шуданд. Барои гирифтани санаде бештар мепурсанд ва рӯирост чизе ҳам нагӯянд, эҳсос мекунӣ, ки ба ту бовар надоранд."
Рӯзи 23-юми августи имсол як муҳоҷири 26-сола аз Сурия ба маъракаи таҷлил аз ҷашнвораи 650-солагии шаҳри Солингени Олмон ҳамла карда, се нафарро ба қатл расонду 8 каси дигарро захмӣ кард. Масъулияти ҳамларо созмони даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ё ДОИШ бар дӯш гирифт.