Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Костич: “Вазифаи мо дарёфти роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аст”


Бозигарони тоҷик
Бозигарони тоҷик

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 21-ум то 29-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони ҷавони кишвар дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Шри-Ланка (23-юми сентябр), Кореяи Шимолӣ (25-уми сентябр), Малайзия (27-уми сентябр) ва Умон (29-уми сентябр) рақобат мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) 24 бозигар – 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – шомиланд:

Дарвозабонҳо: Суннатулло Исмоилов, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Барқчӣ»), Зуҳриддин Муҳиддинов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Баракатулло Неъматуллозода, Миқдод Розиқов, Рустам Камолов, Қамариддин Ғаффорзода, Муҳаммад Орипов, Шаҳбон Наимов (ҳама аз «Барқчӣ»), Амири Фарҳод («Истаравшан»), Комрон Ҳакимзода («Шодмон»);

Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Ҷовидон Хушвахтов, Азизбек Далиев, Меҳрубон Ҳамидов, Юнус Исматуллоев (ҳама аз «Барқчӣ»), Ҳоҷӣ Абдуманнон («Эсхата»), Муҳаммад Муҳаммадзода («Кӯктош»), Ҳусейн Давлатов (Мактаби махуси захираҳои олимпии «Сигнал», Русия);

Ҳамлагарон: Масрур Ғафуров, Билол Бобоев (ҳарду аз «Барқчӣ»), Азизбек Муротов («Эсхата»), Беҳрӯз Хуҷаев («Вахш»).

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Милош Костич, мутахассиси словенӣ, 20-уми сентябр дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ба далели баргузор нагаштани марҳилаи интихобӣ дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол), бархе аз бозигарони калидии даста - легионерҳо наметавонанд дар мусобиқаи мазкур иштирок намоянд. Вай афзуд, “мо дар ҳар бозӣ барои натиҷаи баланд мубориза мебарем. Дар гурӯҳ ҳама рақибон баробаранд, касеро ҷудо кардан намехоҳам. Вазифаи мо дарёфти роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мебошад.”

Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ ғолибони даҳ гурӯҳ ва панҷ дастаи нишондодҳояшон беҳтари зинаҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонони то 20-сола, ки аз 6-ум то 23-юми феврал дар Чин баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 (U-20):

Гурӯҳи «Е»

Тоҷикистон

Умон

Малайзия

Шри-Ланка

Кореяи Шимолӣ

Даври якум

21-уми сентябр (шанбе)

17:00 – Малайзия - Умон

20:00 – Кореяи Шимолӣ - Шри-Ланка

Даври дуюм

23-юми сентябр (душанбе)

17:00 – Кореяи Шимолӣ - Малайзия

20:00 – Шри-Ланка – Тоҷикистон

Даври сеюм

25-уми сентябр (чоршанбе)

17:00 – Умон - Шри-Ланка

20:00 – Тоҷикистон – Кореяи Шимолӣ

Даври чорум

27-уми сентябр (ҷумъа)

17:00 – Умон – Кореяи Шимолӣ

20:00 – Малайзия – Тоҷикистон

Даври панҷум

29-уми сентябр (якшанбе)

17:00 – Шри-Ланка - Малайзия

20:00 – Тоҷикистон – Умон

XS
SM
MD
LG