Пас аз анҷоми паради иштироккунандагони Бозиҳо парчами кишвари мизбон - Арабистони Саудӣ - ва рамзҳои мусобиқотро рӯйи саҳна оварда, барафрохтанд. Ҳамин тавр, Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёз кушода эълон шуданд.
Бояд гуфт, Арабистони Саудӣ бори дуюм аст, ки мизбони ин чорабинии варзишии қоравӣ гаштааст. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо Тоҷикистонро 69 варзишгар дар 12 намуди варзиш намояндагӣ хоҳанд кард.
Дар мусобиқаи кураш, ки бори аввал ба барномаи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дохил шуд, 6-уми ноябр варзишгарони тоҷик - Шоҳида Қаландарова дар вазни то 70 кило ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 81 кило - ду медали биринҷӣ гирифтанд. Ин аввалин медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ мебошад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар ду бозии марҳилаи гурӯҳӣ аз тими Афғонистон бо ҳисоби 5:9 ва аз мунтахаби Марокаш бо ҳисоби 1:7 мағлуб шуд, имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод. Дар бозии даври охирин дар гурӯҳи “В” шогирдони Пайрав Воҳидов 8-уми ноябр бо тими Эрон бозӣ мекунанд.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти инфиродии ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки рӯзҳои 8-9-уми ноябр дар Риёз баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), то ҳоло барои иштирок дар ин мусобиқот 147 варзишгар (84 мард ва 63 зан) аз 32 кишвари се қора номнавис шудаанд.
Тоҷикистонро дар мусобиқоти инфиродии ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёз 7 варзишгар (5 нафар дар рақобатҳо байни мардон ва 2 нафар миёни занон) намояндагӣ хоҳанд кард:
Мардон:
-66 кг – Ёсин Бобокалонов
-73 кг – Абубакр Шеров
-90 кг – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода
-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
+100 кг – Темур Раҳимов
Занон:
-48 кг – Аҳлия Муъминова
-52 кг – Мадина Қурбонзода
Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд.
Барномаи мусобиқот: 8-уми ноябр – мардон:: -60 кг, -66 кг, -73 кг; занон: -48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 кг | |||
|
Гуштигирони тоҷик, инчунин дар мусобиқоти ҷудои дастаии омехта аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки дар Риёз 10-уми ноябр доир мегардад, рақобат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи августи соли 2022-юм дар шаҳри Қунияи Туркия бо иштироки 4200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик ҳашт медал (се нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар ҳисоби медалҳо мизбонон мақоми аввалро касб карданд. Мунтахаби Туркия 341 медал, аз он ҷумла 145 нишони тило, гирифт. Мунтахаби Узбекистон бо касби 158 медал ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби Эрон бо касби 133 медал ҷойгоҳи севумро соҳиб шуданд.
Дар умум варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ то имрӯз 16 медал (1 нишони тило, 4 нуқра ва 11 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тилоро Дилшод Назаров дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, дар гурзандозӣ гирифтааст.
Гуфтугӯ