Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба таъхир афтодани мулоқоташро бо Путин шарҳ дод


Доналд Трамп, президенти ИМА
Доналд Трамп, президенти ИМА

Мақомоти амрикоӣ эълон карданд, ки мулоқоти Доналд Трамп, президенти ИМА бо Владимир Путин, президенти Русия дар Будапешт ба ин зудиҳо баргузор нахоҳад шуд.

Пештар, мақомоти ИМА ва Русия гуфта буданд, ки эҳтимол рӯзҳои наздик Трамп бо Путин дар Будапешт, пойтахти Маҷористон (Венгрия) мулоқот кунад. Ҳадафи ин мулоқот поён додан ба ҷанги хунин дар Украина гуфта мешуд.

Рӯзи 21-уми октябр худи Доналд Трамп ҳам гуфт, ки бо Путин ба ин зудӣ мулоқот нахоҳад кард, чун дар шароити кунунӣ онро "беҳуда" медонад.

Ӯ гуфт, ҳоло намехоҳад вақташро "беҳуда сарф кунад."

"Мебинам, ки чӣ иттифоқ дар пеш аст. Мо созишҳои бузурги сулҳ ба даст овардаем. Ҳар яке аз ин созишҳо бузург аст. Дар мавриди инаш гуфтам, ки ба ҷабҳа равед. Сарбозонро ба хонаҳояшон ҷавоб диҳед. Каме фикр кунед. Ҳозир ду кишвар нерӯҳои якдигарро мекушанд. Ду кишвар ҳар ҳафта аз 5 то 7 ҳазор сарбозро аз даст медиҳанд. Мо мебинем, ки чӣ мешавад. Тасмими ниҳоӣ нагирифтаем,"--гуфт Доналд Трамп.

Ҳафтаи гузашта ду президент бо ҳам суҳбати телефонӣ доштанд. Пас аз ин суҳбат, Трамп гуфта буд, ки рӯзҳои наздик дар Будапешт бо Путин дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ҳанӯз дар ин бора тасмиме гирифта нашудааст.

Эҳтимоли мулоқоти ду президент дар шароите ба миён омад, ки Украина аз Амрико мушаки дурпарвози "Томаҳавк" хоста буд.

Паймони низомии НАТО, ки аз Украина дар муқобилияташ ба таҷовузи Русия бо силоҳ кумак мекунад, дар саҳифааш дар шабакаи X хабар дод, ки дабири кулли ин созмон Марк Рютте ба Вашингтон сафар мекунад. Хабаргузории "Рейтерс" ба нақл аз манбаъҳояш ишора намудааст, ки Рютте дар Вашингтон назари мамолики Аврупо дар масъалаи оташбас ва сулҳ дар Украинаро матраҳ хоҳад кард.

Ишораҳо ба таъхир ва ё эҳтимолан, лағви дидори Трамп ва Путин пас аз суҳбати телефонии котиби давлатии ИМА Марко Рубио бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров паҳн шуд.

Гуфта мешавад, ки сабаби чунин ҳол саркашии Русия аз қабули пешниҳоди оташбаси фаврӣ мебошад.

Рӯзи 21-уми октябр Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия тасдиқ кард, ки онҳо зидди оташбас ҳастанд ва бояд пеш аз ҳама решаҳои сар задани ҷанҷол дар Украина аз байн бурда шавад. Лавров исрор меварзад, ки ҳадафи ба истилоҳ "амалиёт" дар Украина тағйир наёфтааст ва он то иҷрои комилаш идома мекунад.

Русия охири моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор нафар аз ду тараф кушта шуда, миллионҳо украинӣ бехона шудаанд. Доналд Трамп ваъда додааст, ки ба ин ҷанги "бемаънӣ" хотима медиҳад. Талошҳо барои сулҳ ҳанӯз натиҷа надодаанд ва поёни ҷанг дар Украина низ маълум нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG