Ӯ гуфтааст, ки аз ИМА дархост мекунад, то барои ин кишвар мушакҳои дурпарвоз бидиҳад.
Доналд Трамп гуфтааст, Зеленскийро ба ҳузур мепазирад. Ӯ бори дигар Владимир Путинро танқид карда, гуфтааст, аз рафторҳои ӯ дилсард шудааст.
“Ман бо Владимир Путин равобити хуб доштам. Вале ӯ намехоҳад ин ҷангро хотима бахшад. Бо ин ҳол, ӯ аз тарафи бад намудор мешавад. Ӯ метавонист ҷангро зуд хотима бахшад. Бояд эътироф кунем, ки кӣ бовар мекард, ки Украина чор сол бо Русия муқовимат мекунад,”—гуфт ӯ.
Видеоро инҷо бинед:
Пешбинӣ мешавад, ки рӯзи ҷумъа аснои мулоқоти раҳбарони ИМА ва Украина дар Кохи Сафед Зеленский аз Трамп таҳкими низоми ҳимояи зиддиҳавоӣ ва тақдими мушакҳои дурпарвозро дархост хоҳад кард.
Президенти ИМА аз эҳтимол дур намедонад, ки Украинаро бо мушакҳои болдори “Томаҳавк” таъмин хоҳад кард. Дарозии парвози “Томаҳавк” то ду ҳазору панҷсад километр буда, он имкон дорад, бо кулоҳаки ҳастаӣ мусаллаҳ гардад.
Русия гуфтааст, ки мушакҳои “Томаҳавк” ҷангро тағйир намедиҳад, вале муносибати ин кишварро бо ИМА бад хоҳад кард.
Гуфтугӯ