Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди "таҷовуз бо калтаки резинӣ". 11 шикоят аз шиканҷа


Дар се моҳи аввали имсол 11 нафар аз шиканҷа шудани худ ҳангоми боздошт шикоят кардаанд. Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯянд, дар байни онҳо як зан ва як ноболиғ низ ҳаст.

Ба қавли шикояткунандагон, "таҳдиди робитаи ҷинсӣ бо ҳамсар ё модар", "истифода аз нерӯи барқ", "фишори равонӣ" ва "таҳдиди таҷовуз бо калтаки резинӣ" аз ҷумлаи шиканҷаҳое будааст, ки "барои ба даст овардани эътирофи муттаҳамон истифода мешавад".

Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд, 10 шикоят вобаста ба бархӯрди маъмурони милиса ва як шикоят аз кори намояндаи додситонӣ аст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рад намекунанд, ки баъзе аз кормандони онҳо даст ба шиканҷа мезананд, вале мегӯянд, "ҳар шикоят бояд дар алоҳидагӣ тафтиш шавад".

Вазир гуфтааст, ки шиканҷа накунанд, аммо...

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, 4 май гуфт, "мутаассифона, дар сафи мақомот афроди тасодуфӣ ҳастанд ва маҳз онҳо аз шиканҷа кор мегиранд".

"Дар баъзе аз шуъбаҳои корҳои дохилӣ китобхона ташкил кардем. Кормандонро ба театру чорабиниҳои фарҳангӣ мебарем. Вазир борҳо гуфтааст, ки бигзор ҷиноят ошкор нашавад, вале шиканҷа накунанд. Шиканҷа ба обрӯи вазорат ва умуман кишвар латма мезанад”, -- афзуд ӯ.

Тайи чанд моҳи охир шикоятҳо аз шиканҷа дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шудааст. Қиссаи Умед Ҳикоятови 38-сола, ки бо нишонаҳои "осеби пӯшидаи моядон" ва "кафидани мояҳои чапу рост" дар беморхона бистарист, ба шикоятҳо аз шиканҷаи пулис як сафҳаи дигар афзуд.

Умед Ҳикоятов
Умед Ҳикоятов

Афроди муттаҳам ба шиканҷа дар озодӣ?

Ӯ иддао дорад, ки рӯзи 31-уми марти имсол аз ҷониби кормандони пулис дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе латту кӯб шуд.

Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи Умед Ҳикоятов, гуфт, ду корманди Вазорати умури дохилӣ, ки дар шиканҷаи нафари зери ҳимояташ гумонбаранд, ҳанӯз дар озодӣ ҳастанд. Мақомот посух доданд, ки бо вуҷуди ин зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Вале аксари парандаҳои шиканҷа дар поёни кор бо айбномаҳои сабуктари "хунукназарӣ" ё "зиёдаравӣ аз салоҳият" поён меёбанд. Бархе аз коршиносону ҳуқуқдонҳо муҷозот нашудани афродеро, ки дар шиканҷа даст доранд, аз сабабҳои асосии афзоиши ҳолатҳои шиканҷа арзёбӣ мекунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон тобистони соли гузашта гуфта буд, ки 2 корманди милиса ва як корманди мақомоти амният бо гуноҳи шиканҷа ба 12 ва 13 соли зиндон маҳкум шудаанд. Вале, ба гуфтаи созмонҳои ғайридавлатӣ, шумори аризаҳои шшиканҷашудагон ба маротиб бештар аст.

Абдулмаҷид Ризоев, ҳуқуқдони тоҷик, гуфт, сабаби дигари шиканҷа “нақшаи ошкор кардани ҷиноятҳо дар назди мақомоти интизомӣ аст”. Ӯ гуфт, беҳтар аст, мақомот ба сифати кор таваҷҷуҳ кунанд, на ба шумораи парвандаҳо.

"Мурдаи Ленинро ба гардан мегирӣ"

“Мо шоҳиди он будем, ки маъмурони милисаи ноҳияи Фархор ба сари як ҷавон 16 ҷиноятро бор карданд. Худи он ҷавон ҳам ба гардан гирифтааст. Баъди таҳқиқ маълум шуд, ки он ҷавон танҳо дар як ҷиноят даст дорад ва шартан раҳо шуд. Баъд аз ӯ пурсидем, ки чаро ба ҳама ҷиноят эътироф кардааст? Ӯ гуфт, агар шумо ҳам дар ҷои ман мебудед, мурдаи Ленинро ба гардан мегирифтед”, -- нақл кард ӯ.

Ин ҳуқуқшинос сабаби дигари шиканҷаро “сатҳи пасти касбӣ” номид. “Дигар ин ки мақомот намехоҳанд ҳолатҳои шиканҷа аз дохили идора ба берун барояд. Аксари шикоятҳо аз шиканҷаро мақомот дар дохили худ ҳал мекунанд. Баъзе ҷабрдидаҳо низ ба мақомот шикоят намекунанд. Чун фикр мекунанд, вазъашон бадтар мешавад”.

СММ тавсия дод, Тоҷикистон иҷро мекунад?

Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқро муттаҳид мекунад, мегӯянд, соли 2018 ба созмони онҳо 44 нафар аз шиканҷа шикоят кардаанд, ки 7 нафараш зан аст.

Дар пайи интиқод аз шиканҷа, Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта ба Тоҷикистон чанд тавсия дод, то вазъро ислоҳ кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи январи имсол барои иҷрои ин тавсия “нақшаи миллии амал барои соли 2019-2020”-ро тасвиб кард. Дар сурати иҷро, ин барнома роҳи вакилони мудофеъ ва ҳомиёни ҳуқуқро ба боздоштгоҳу зиндонҳо боз, аммо маълум нест, то куҷо шиканҷаро кам мекунад.

XS
SM
MD
LG