Одинамо Давлатоваи 48-сола ба он гунаҳкор дониста шудааст, ки бо ваъдаи овардани мошинҳои барқӣ, аз мардум чанд миллион сомонӣ ҷамъ карда, аммо ваъдаашро иҷро накардааст.
Назари ин зан ва пайвандонаш ба ҳукм дастрас нест. Бо вуҷуди ҳукми додгоҳ, даъвоҳо алайҳи Одинамо Давлатова хотима наёфтаанд.
Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар бораи маҳкум кардани Давлатова охири моҳи июн содир шуда, вале то ҳол қувваи қонунӣ нагирифтааст. Барои ҳамин додрас аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд.
Дар ҳукми додгоҳ, ки Радиои Озодӣ шинос шуд, омадааст, Одинамо Давлатова муваззаф аст ба 10 нафар қариб 2 миллион сомонӣ (208 ҳазор доллар) ҷуброни зарар пардохт намояд. Инчунин Давлатова баъди раҳоӣ аз зиндон, 4 сол ҳаққи машғул шудан ба соҳибкориро надорад. Аммо ин танҳо як бахши шикоятҳост ва шумораи даъвогарон аз 10 нафар зиёд аст.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, наздики 100 нафар аз Одинамо Давлатова даъвогар ҳастанд. Маблағи зарар ҳудуди 30 миллион сомонӣ ё бештар аз 3 миллион доллар гуфта мешавад. Як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми додгоҳ танҳо дар доираи як парванда содир шуда, таҳқиқи чанд шикояти дигар нисбати Одинамо Давлатова идома дорад.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ талош карданд назари Давлатова ва наздиконашро дар бораи қазия пурсанд, аммо муваффақ нашуданд. Дафтари кории Одинамо Давлатова дар паҳлуи бозори "Корвон"-и Душанбе аз сӯи муфаттишон муҳр зада шудааст. Се рақами телефон, ки пушти дар буд, фаъол набуданд. Дар сурати дастрас шудан, назари вакили дифоъ ё наздикони Одинамо Давлатова дар матлаб илова карда мешавад.
Одинамо Давлатова моҳи марти имсол ва қабл аз боздошт ба Радиои Озодӣ гуфта буд, бо сабаби ид дар Чин, роҳҳо муваққатан баста шуданд ва ӯ сари вақт натавонист мошинҳоро ба муштариён расонад. Ӯ ваъда дода буд, ки маблағи мардумро бармегардонад, аммо муштариён мегӯянд, то ҳол чизе нагирифтаанд.
Азамат Мустафоқулов, як муштарии Одинамо Давлатова моҳи марти имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "ӯ ваъда кард, ки бо 160 ҳазор сомонӣ мошини "Aion" меорад, лекин наовард. Қаблан бо чашми худамон дидем, ки мошини чанд нафарро ҳуҷҷат карда дод. Бовар кардем, ки фиреб намедиҳад. Ҳоло мефаҳмем, он вақт худравҳоро аз Хуҷанд оварда, ба муштариён бо нархи арзон медодааст. Барои ҷалби боварӣ, барои пул ҷамъ кардан".
Барои муштариёни Одинамо Давлатова феълан на зиндонӣ шудани ӯ, балки бозпас гирифтани маблағҳояшон муҳим аст.
Мақомот ба ҷуз як хабари расмӣ дар бораи боздошти Давлатова, дигар шарҳе намедиҳанд. Маълум нест, ки муштариён кай ва аз кадом ҳисоб маблағҳои худро бозпас мегиранд.
Гуфтугӯ