Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи Пешво ё Президент? Пешниҳоди расмӣ кардани боз як ид


Як гурӯҳ аз вакилони парлумони Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки "Рӯзи Пешво" ё "Рӯзи Президент" дар кишвар расман таҷлил шавад.

Як гурӯҳ аз вакилони Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кардаанд, ки иди нав – Рӯзи Пешво ё Рӯзи Президент – расман дар Тоҷикистон таҷлил шавад. Ин пешниҳод ҳоло дар шакли тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" таҳия шуда, ба қавли манобеи хабаргузории "Азия-Плюс" дар ҳукумат дар ҳоли баррасӣ будааст.

Хабарнигори парлумонии Озодӣ гуфт, аммо ин мавзӯъ дар ҷаласаи рӯзи 6 апрели Маҷлиси Намояндагон баррасӣ нашуда, бархе аз вакилон аз сӯҳбат дар ин замина худдорӣ кардаанд.

Вале манобеи "Азия-Плюс" гуфтаанд, ба эҳтимоли зиёд таҷлил аз Рӯзи Пешво 5 октябр ё 19 ноябр таъин шавад. 5 октябр рӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмон ва 19 ноябр рӯзи аввали ба сари қудрат расидани ӯ ба ҳайси раҳбари Шӯрои олии Тоҷикистон аст. Инчунин, манбаъҳо муқаррар шудани Рӯзи Пешво ба 6 ноябрро, ки рӯзи Қонуни асосӣ низ ҳаст, баъид надонистаанд.

Ин пешниҳод дар ҳолест, ки Қазоқистон тайи панҷ сол боз Рӯзи Президенти Нахустинро таҷлил мекунад. Ин рӯз дар соли 2011 ба ифтихори Нурсултон Назарбоев ва пирӯзии ӯ дар интихоботи 1 декабри соли 1991 таъсис дода шудааст.

Моҳи декабри соли гузашта ду палатаи парлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро тасвиб карда ва онро раисиҷумҳур рӯзи 25 декабр имзо гузошт. Истифодаи ибораи "Пешвои миллат" дар оғози соли гузашта аз забони сокинон зимни вохӯриҳо бо Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Баъдан парлумони Тоҷикистон ин ибораро қонунӣ ба мақом табдил дод.

Ин қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст ва вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад.

Бар асоси моддаи 4-уми ин қонун ордени “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” ва ҷоизаи давлатии “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” низ таъсис дода мешавад.

Аммо мунтақидон мегӯянд, ин унвон як намунаи дигари шахспарастист, ки дар Тоҷикистон авҷ мегирад. Бахусус аз он нуктаи қонун интиқод мешавад, ки ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, пас аз қатъи ваколаташ аз бонуфузтарин мақоми кишвар бимонад ва дар мушаххас кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақши умда бозӣ кунад.

XS
SM
MD
LG