Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо Афғонистону Непал бозиҳои дӯстона мекунад


Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan national football team during training.
Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan national football team during training.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тимҳои миллии Афғонистон ва Непал дар шаҳри Душанбе бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) - моҳи ноябр – дар Душанбе силсилаи бозиҳои дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистон, Афғонистон ва Непал, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ширкат меварзанд, доир мегардад.

Нахуст рӯзи чоршанбеи 13-уми ноябр мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Непал бозӣ мекунад. Баъдан рӯзи шанбеи 16-уми ноябр бозӣ миёни дастаҳои Непал ва Афғонистон баргузор мешавад. Ва, ниҳоят рӯзи сешанбеи 19-уми ноябр бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон сурат мегирад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз меёбанд.

Дар радабандии нави FIFA, ки дар сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии футбол 24-уми октябр нашр шудааст, Тоҷикистон дар байни 210 тими миллӣ дар ҷойи 105-ум, Афғонистон дар зинаи 151-ум ва Непал дар ҷойгоҳи 176-ум қарор доранд.

БОЗИҲОИ ДӮСТОНА

13-уми ноябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Тоҷикистон - Непал

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

16-уми ноябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Непал - Афғонистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

19-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Тоҷикистон - Афғонистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG