Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду коне, ки ба TBEA-и Чин доданд, тилои зиёдтар доштааст. ВИДЕО, САДО


Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, конҳои "Дуобаи Шарқӣ" ва "Кумарғи Боло", ки расман ба ивази хароҷоти сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба ширкати ТВЕА-и Чин дода шуд, "64 тонна тило дорад". Пештар захираи ин кон 51 тонна тило ҳисоб шуда буд. Ба тахмини геологҳо, дар ин конҳо дар ноҳияи Айнӣ беш аз 117 тонна захираи тилои собитношуда вуҷуд дорад.​

Иттилои ахир аз тарафи муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр дар ҷаласаи порлумон садо дод. Ҳангоме ки вакилон созишнома миёни Вазорати энергетика ва ширкати ТВЕА-и Чинро тасдиқ карданд.

Мухолифон борҳо мақомотро барои дар ихтиёри сармоягузорони чинӣ гузоштани конҳои маъдан, аз ҷумла тилову нуқра, ки баъзеи онҳо дар шакли хом ба берун бурда мешаванд, танқид кардаанд. Мақомот мегӯянд, ин ҳадя ё фурӯхтани сарватҳои табиии Тоҷикистон нест, балки як навъ ҷалби сармояҳои хориҷист.

Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нав, рӯзи 28-уми ноябр дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, захираи конҳои "Дуобаи Шарқӣ" ва "Кумарғи Боло", ки ба ширкати ТВЕА пешниҳод шудааст, метавонад зиёдтар бошад.

"64 тонна тило дорад". Ҷузъиёти ду коне, ки ба TBEA-и Чин доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

"Ҳангоми пешниҳоди конҳои мазкур, ки қаблан корҳои иктишофӣ дар даври ҳукумати Шӯравӣ гузаронда шуд, захираи тило ҳамагӣ 51,7 тоннаро ташкил мекард. Тӯли солҳои 2013-2019 корхона тавонист, бо ҷалби 53 миллион доллар ҳаҷми захираҳоро ба 64 тонна расонад. Захирае, ки айни замон аз ҷониби ширкат муайян шудааст, ниҳоӣ нест ва метавонад то сад тонна тило бирасад," – афзуд ӯ.

Бахтиёр Шарифӣ, муовини вазири саноат дар бораи ду кони тило
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
Линки мустақим

Шарифӣ ҳамчунин гуфт, ширкати ТВЕА то охири имсол ба коркарди тило шуруъ мекунад. Ба пешбинии мақомоти Тоҷикистон, ин ширкати чинӣ дар як сол то 2,5 тонна тило истихроҷ хоҳад кард.

Масъулони ширкати ТВЕА рӯзи 28-уми ноябр дар порлумони Тоҷикистон ҳузур доштанд, вале гап назаданд. Онҳо танҳо дар посух ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ки оё ягон мушкил доранд ё не, гуфтанд, "суол нест, аз фаъолияти худ қаноатмандем."

Ширкати ТВЕА-и Чин бо харҷи 349 миллион доллар дар соли 2016 сохтмони Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2"-ро ба анҷом расонд. Аз ин ҳисоб 17 миллион доллар саҳми Тоҷикистон аст.

Маблағи боқимонда қарзи “Эксимбонк”-и Чин аст, ки ТВЕА барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе гирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон умед доранд, ТВЕА хароҷоти худро аз конҳои "Дуобаи Шарқӣ" ва "Кумарғи Боло" мебарорад ва тилои боқимонда ба нафъи кишвар истихроҷ мешавад. Аммо Чжан Син, роҳбари ТВЕА ба торнамои stcn.com дар Чин гуфтааст, "агар ширкат аз ин ду кони тило хароҷоташро бароварда насозад, ҳукумати Тоҷикистон розӣ аст, ба ширкат иҷозати конҳои дигарро ҳам бидиҳад."

"Кумарғи Боло" ва "Дуобаи Шарқӣ" танҳо конҳое нестанд, ки ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон дар ихтиёр доранд. Ширкати муштараки Тоҷикистону Чин -- "Зарафшон" ва "Покруд" дар Ромит низ дар истифодаи сармоягузорони чинӣ ҳастанд.


Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон моҳи феврали имсол гуфта буд, ки чаро Душанбе бисёре аз конҳои тилоро дар ихтиёри сармоягузорони чинӣ гузоштааст. Заробиддин Файзуллозода дар нишасти матбуотӣ гуфт, "танҳо онҳо метавонанд ба захираҳои қаъри замини Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд."

Ахиран як ширкати чинӣ дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон иҷозаи истихроҷи нуқра аз кони "Якҷилва"-ро ба даст овард ва 7 сол аз пардохти боҷи гумрукиву андоз озод шуд. Ин тасмими мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ шуд, аммо мақомот гуфтанд, ҷойи нигаронӣ нест.

Натанҳо дар Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш дар Осиёи Марказӣ, балки дар Ғарб низ аз сармоягузориҳои зиёду нуфузи Чин дар ин кишварҳо меандешанд. Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 22-юми имсол дар суҳбат бо вазирони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк гуфт, дар ҷараёни арзёбии лоиҳаҳои бузург ширкатҳои амрикоиро низ дар назар гиранд ва Иёлоти Муттаҳида ҳозир аст, имкониятҳои сармоягузорӣ дар ин кишварҳоро баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG