Рӯзномаи "Вашингтон Пост" дар гузорише навишт, ки ҳукумати Амрико дар ҳоли омода кардани "тавофуқи ниҳоӣ" барои пешниҳод ба тарафҳои даргир аст.
Дар хабаре дигар, Вазорати тандурустии Исроил шоми 1-уми сентябр эълон кард, ки натиҷаҳои бадастомада аз колбадшикофии шаш гаравгон нишон медиҳад, ки "онҳо 48-72 соат пеш" кушта шудаанд.
Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террорист медонанл, гуфтааст, ки ин гаравгонҳо бар асари ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои исроилӣ кушта шуданд. Исроил мегӯяд, дар бадани онҳо осори тир будааст.
Шоми якшанбе даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳрҳои гуногуни Исроил ба кӯчаҳо баромаданд ва хоҳони дастёбии фаврӣ ба тавофуқе барои озодии гаравгонҳои боқимонда шуданд.
Бино ба гузоришҳо, ин тазоҳурот яке аз ҷамъомадҳои калонтарини эътирозӣ алайҳи ҳукумати Исроил аз замони оғоз ҷанги Ғазза буд.
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз расонаҳои исроилӣ шумораи тазоҳуркунандагон дар шаҳрҳои гуногуни Исроилро ҳудуди дувуним миллион нафар гуфтааст.
"Times Israel" низ гузориш додааст, ки танҳо дар Телавив ҳудуди 300 ҳазор нафар ба хиёбонҳо баромаданд.
Тазоҳуркунандагон бо сар додани шиорҳое аз қабили "Онҳоро зинда мехоҳем" ва "Ҳамин ҳоло, ҳамин ҳоло" аз Бенямин Нетаняҳу мехостанд, ки барои бозгардондани гаравгонҳои боқимонда зудтар ба созиш бирасад.
Дар Телавив пас аз тазоҳуроти аслӣ, шуморе аз эътирозгарон яке аз шоҳроҳҳои ин шаҳрро ба муддати се соат бастанд.
Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, дар пайи занозаниҳои пароканда байни пулис ва эътирозгарон дар ин шоҳроҳ, шуморе аз тазоҳуркунандаҳо боздошт шуданд. Теъдоди умумии боздоштшудаҳои рӯзи якшанбе ба беш аз 30 нафар расид.
Даъват ба ин коршиканӣ аз тарафи яке аз калонтарин иттиҳодияҳои коргарии Исроил бо ҳадафи фишор бар ҳукумати Нетаняҳу барои поён додан ба ҷанги Ғазза ва бозгардондани гаравгонҳо ба хона эълон шудааст.
Гуфтугӯ