Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи 53-миллиарддолларии сарони араб барои бозсозии Ғазза


Сарони кишварҳои арабӣ дар нишасти изтирорӣ дар Қоҳира, як тарҳи 53-миллиарддоллариро барои бозсозии Ғазза қабул карданд. Бар хилофи тарҳи Доналд Трамп барои "ба даст гирифтани Ғазза", ин тарҳи сарони араб ба ҳузури фаластиниҳо дар Ғазза таъкид дорад.

Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср, 4 март хабари қабули ин тарҳро дар нишасти пушти дарҳои бастаи сарони араб, дар Қоҳира эълон кард. Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" аз ин тарҳ истиқбол кард ва Исроил онро рад намуд.

Раисҷумҳури Миср дар ин нишаст гуфт, ки бовар дорад Доналд Трамп тавоноии барқарории сулҳ ва поён додан ба ин ҷангро, ки боиси вайронии Ғазза шуд, дорад.

Пурсишҳои аслӣ дар бораи ояндаи Ғазза ин аст, ки ин борикаро чӣ касе идора хоҳад кард ва миллиардҳо доллар хароҷоти мавриди ниёз барои бозсозии онҷоро кадом кишварҳо пардохт мекунанд.

Тибқи тарҳи Трамп, бояд аҳолии Ғазза ба таври доимӣ ба кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, Миср ва Урдун, интиқол дода шаванд ва Амрико назорати онҷоро ба даст бигирад ва бо бозсозии он, Ғаззаро ба макони соҳилии тафреҳӣ табдил диҳад. Ин тарҳ аммо мухолифати кишварҳои арабиро барангехтааст.

Абдулфаттоҳ Сисӣ гуфт, ки Миср ният дорад бо ҳамкории фаластиниҳо як кумитаи идорӣ иборат аз фаластиниҳои технократ ва мустақил таъсис диҳад, то идораи Ғазза пас аз ҷанг ба ин кумита супурда шавад.

Ӯ афзуд, ки ин кумита ба таври муваққат ва то вақте, ки умури Ғазза ба Ташкилоти худгардони Фаластин супурда шавад, масъули назорат бар кӯмакҳои башардӯстона ва идораи умур дар ин минтақа хоҳад буд.

Масъалаи дигар, сарнавишти гурӯҳи "Ҳамос" аст. ИМА ва кишварҳои ғарбӣ ин гурӯҳро созмони террористӣ медонанд.

"Ҳамос" 7-уми октяби соли 2023 ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушт ва 250 танро ба гарав бурд. Ин ҷанги 450-рӯза боиси кушта шудани беш аз 48 ҳазор фаластинӣ шуд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд.

"Ҳамос", ки аз соли 2007 то кунун дар Ғазза ҳукмронӣ мекунад, дар баёнияе гуфт, ки бо ташкили кумитаи пешниҳодии Миср мувофиқ аст ва номзаде ҳам барои узвият дар ин кумита пешниҳод нахоҳад кард, аммо бояд дар бораи вазифаҳо, аъзо ва дастури кори кумитае, ки қарор аст таҳти назорати Ташкилоти худгардони бошад, бештар баррасӣ кунад.

Бадр Ал-Отӣ, вазири корҳои хориҷии Миср, 4 март гуфт, афроде, ки дар ин кумита мушорикат хоҳанд кард, маълум шудаанд.

Маҳмуд Аббос, раҳбари Ташкилоти худгардони Фаластин, аз тарҳи Миср истиқбол кард ва аз Доналд Трамп хост, ки ӯ ҳам аз ин тарҳ ҳимоят кунад.

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Исроил бо нашрия баёнияе супурдани умур ба Ташкилоти худгардони Фаластинро рад кард. Исроил ҳамчунин гуфт, ки ин тарҳ боис мешавад, ки "Ҳамос" ҳамчунон дар қудрат боқӣ бимонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG