Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои мавсими варзиши соли 2024 рӯзи 17-уми феврал дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Мақомот гуфтанд, пули ҷоизаҳо, ки аз Фонди захиравии президент ҷудо шуда буд, 1 миллиону 787 ҳазору 500 сомонӣ (қариб 164 ҳазор доллар)-ро ташкил медод. Маблағи Фонди захиравии президент аз ҳисоби будҷаи Тоҷикистон ҷудо мешавад.
Ба Сомон Маҳмадбеков, ки соли гузашта дар Олимпиадаи Порис медали биринҷӣ гирифта, инчунин ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ва Осиё шуд, ҷоизаи президент ба маблағи 325 ҳазор сомонӣ (65 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш) тақдим гардид.
Темур Раҳимов – барандаи медали биринҷии Олимпиади Порис-2024, ҷоизадори қаҳрамонии Осиё дар риштаи ҷудо 225 ҳазор сомонӣ (45 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш) дода шуд.
Давлат Болтаев – барандаи медали биринҷии Олимпиади Порис-2024 дар риштаи бокс бо 200 ҳазор сомонӣ (40 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш) сарфароз гашт.
Абдулмаҷид Кудиев, ки соли 2024 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии озод барандаи медали биринҷӣ шуд, бо ҷоизаи президент ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ (20 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш) мукофотонида шуд.
Акмал Убайдов, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё медали тилло гирифт, ҷоизаи президентро ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ (15 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш) ба даст овард.
Амир Бобоҷонов барои ду ҷойи аввал дар қаҳрамонии Осиё дар риштаи қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ 150 ҳазор сомонӣ (30 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш) гирифт.
Виктор Рассадин ва Мустафо Аҳмадов - барандагони медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод; Парвиз Каримов – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар риштаи бокс ҳар кадом бо ҷоизаи президент ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ ба мураббиашон) мукофотонида шуданд.
Боз 37 нафар варзишгирону мураббиёнашон дар риштаҳои– бокс, гуштӣ, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, ҷудо, ки соли гузашта дар қаҳрамонии Осиё ҷоизадор шудаанд, ба маблағи аз 6250 сомонӣ то 25 ҳазор сомонӣ сарфороз гаштанд.
Ҷоизаи президенти Тоҷикистон, ки соли 2015 таъсис ёфтааст, бори нӯҳум ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва мураббиёни онҳо супурда шуд.
Дар ин давра дар умум ба 416 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз фонди захиравии президенти Тоҷикистон 10 миллиону 37 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар вазъияти тантанавӣ тақдим шудааст.
Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, соли 2024 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 448 медал (134 нишони тилло, 108 нуқра ва 206 биринҷӣ) гирифтанд, ки ин нисбат ба соли 2023 87 адад зиёд аст.
Вале варзишгарони тоҷик соли гузашта натавонистанд дар қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медалҳои тиллою нуқра ба даст биёранд. Зимнан, пас аз пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар шаҳри Ҳётеборги Шведсия, 30 сол инҷониб касе аз Тоҷикистон дар навъҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.
Ҳамчунин баъди он ки гурзандоз Дилшод Назаров соли 2015 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекини Чин медали нуқра гирифт, варзишгарони тоҷик дар муддати даҳ сол дар риштаҳои олимпӣ ба чунин натиҷа даст наёфтаанд.