Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, мегӯяд, кишвараш ягон порча аз қаламрави худро ба Русия намедиҳад ва барои ҳамин аст, ки мубориза мебарад. Ӯ рӯзи 8-уми декабр ба хабарнигорон гуфт, на Қонуни асосӣ ва на қонунҳои байнулмилалӣ ба Украина иҷоза намедиҳанд, аз қаламрави худ даст кашад.
Рӯзи душанбе нахуствазири Бритониё мизбони раҳбарони чанд кишвари аврупоӣ ва ҳам Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина буд. Нишасти онҳо дар ҳоле баргузор шуд, ки Амрико фишорро ба Украина афзоиш додааст, то тарҳи созиши сулҳ бо Русияро бипазирад.
Кейр Стармер, нахуствазири Бритониё бо ҳамтоёни худ аз Олмону Фаронса ва Украина тарҳи пешниҳодии Амрикоро баррасӣ карданд. Бар асоси он Украина бояд аз баҳри қаламравҳои ишғолшудааш гузарад. Тарҳи Амрико, ки моҳи гузашта ба расонаҳо роҳ ёфт, раҳбарони аврупоиро нигарон кард, зеро ба қавли онҳо талаботи зиёди Русияро фаро гирифта буд.
Кейр Стармер гуфт: "Мо дар канори Украина ҳастем. Агар қарор аст, оташбасе шавад, бояд одилона ва пойдор бошад."
Владимир Зеленский таъкид кард, ки Украина, Аврупо ва Амрико бояд муттаҳид бошанд, то ба ҷанг поён диҳанд: "...Ба андешаи ман, ваҳдат миёни Аврупо ва Украина ва ҳамчунин иттиҳод миёни Аврупо, Украина ва Амрико бисёр муҳим аст, чун бидуни амрикоиҳо мо аз уҳдааш намебароем."
Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, гуфт, пешниҳоди Амрико комил нест ва сарнавишти Украина ва Аврупо дар хатар аст: "Мо ҳама медонем, ки сарнавишти ин кишвар сарнавишти Аврупост. Барои ҳамин, инҷо ҳастем. Ман ба баъзе ҷузъиёти санадҳое, ки аз ҷониби Амрико меоянд, бо шубҳа менигарам, аммо мо бояд дар бораи онҳо суҳбат кунем."
Ин шубҳаву гумонҳо на танҳо дар Аврупо, балки дар хатти ҷабҳа дар Донетск низ садо медиҳанд.
Дар шаҳри Константиновка сарбозони украинӣ аз зери тӯрҳои зидди паҳпод ба сӯи вайронаҳо ҳаракат мекунанд, то аз назари паҳподҳои русӣ пинҳон монанд. Дмитро, сарбози 32-сола, мегӯяд: "Талабот таврест, ки гуё мо таҷовузро оғоз карда бошем, на Русия."
Украина айни замон яке аз душвортарин марҳилаҳои ҷанги тақрибан чаҳорсоларо паси сар мекунад. Нерӯҳои рус дар шарқ батадриҷ пеш мераванд. Шаҳру навоҳии Украина нерӯи барқи дуруст надоранд, зеро зербунёдҳои энергетикӣ пайваста зери ҳамлаҳои Русияанд.
Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки ба созиши сулҳ наздик шудаанд. Аммо то ҳол нишонаи каме вуҷуд дорад, ки Украина ё Русия омодаи имзои созишномаи пешниҳодии ҳукумати Трамп бошанд.
Яке аз хостаҳои асосии Киев ин аст, ки ҳаргуна сулҳ бо Русия бояд кафолатҳои амниятии Ғарбро дар бар гирад, то Маскавро аз ҳамлаи дубора боздорад. Вашингтон ин талабро рад кардааст.
Дмитро мегӯяд: "Фикр мекунам, онҳо намеистанд. Кафолатҳои амниятӣ дар солҳои 1990 дода шуд. Русия ба мо кафолат дода буд. Агар агар мо ақибнишинӣ кунем, онҳо қаламравҳои бештару бештарро ишғол мекунанд."
Константиновка тақрибан дар 50-километрии шимолу шарқи Покровск ҷойгир аст, ки Русия ҳафтаи гузашта гуфт, ки онро пурра ишғол намудааст. Украина мегӯяд, қисмати шимолии шаҳрро ҳанӯз дар ихтиёр дорад.
Дмитро гуфт, қасд надорад бидуни ҷанг таслим шавад. "Барои ман ҳар ваҷаб хоки ватан муҳим аст. Ва мо нақша надорем, ки онро ба осонӣ аз даст диҳем."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: