Владимир Зеленский рӯзи 8 декабр, ки барои мулоқот бо раҳбарони НАТО ва Иттиҳоди Аврупо аз Лондон ба Брюссел парвоз мекард, гуфт, "фикр мекунам ин тарҳ фардо, ё тақрибан вақти аср омода хоҳад шуд. Фикр мекунам дубора онро баррасӣ хоҳем кард ва барои Амрико хоҳем фиристод".
Раисҷумҳури Украина афзуд, "пешниҳодҳои нав дар бораи чигунагии поён додан ба ҷанг, шомили 20 нукта аст, аммо ҳанӯз ҳеч мусолиҳае бар сари қаламрав сурат нагирифтааст".
Ба гуфтаи Зеленский, Киев ҳеч ҳаққи қонунӣ ё ахлоқӣ барои вогузор кардани сарзамин ба Русия дар ҳеч тавофуқе бо ҳадафи поён додан ба ҳамлаи тақрибан чаҳорсолаи Маскав надорад.
Раисҷумҳури Украина гуфт, "оё мо вогузории сарзаминҳоро дар назар дорем? Мо тибқи қонуни Украина, Қонуни асосии худ ва қонунҳои байналмилалӣ ҳеч ҳаққи қонунӣ барои ин кор надорем. Ҳаққи ахлоқӣ ҳам надорем".
Владимир Зеленский рӯзи душанбе бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, Кир Стармер, нахуствазири Бритониё ва Фридрих Мертс садри аъзами Олмон дидор ва гуфтугӯ кард.
Нахуствазири Бритониё дар ин дидор таъкид кард, ки кишвараш "дар паҳлӯи Украина меистад ва агар қарор бошад оташбасе барқарор шавад, бояд одилона ва давомдор бошад".
Эммануэл Макрон ва Фридрих Мертс ҳам бар ӯҳдадориашон нисбат ба тарҳе ҷиддӣ ва воқеӣ барои сулҳ, таъкид карданд.
Ба гуфтаи як манбаъ дар дохили ҳукумати Бритониё, шеваи истифода аз дороиҳои блокшудаи Русия барои кӯмак ба Украина, аз ҷумлаи мавзӯъҳои мавриди баҳс миёни ин раҳбарон дар Лондон буд.
Пештар, раҳбарони Эстония, Финландия, Ирландия, Латвия, Литва, Лаҳистон ва Шведсия хостори иқдоми сареи Иттиҳоди Аврупо дар заминаи таҳияи тарҳе барои истифода аз дороиҳои блокшудаи Русия барои кӯмаки молӣ ба Украина шуда буданд.
Ин дидор дар ҳоле сурат гирифт, ки Доналд Трамп, президенти Амрико аз Владимир Зеленский интиқод кард ва ӯро муттаҳам намуд, ки ҳанӯз ҳатто тарҳи Вашингтон барои поёни ҷангро "нахондааст".
Тарҳи аввалияи Амрико барои поёни ҷанг, ки аз оғоз баҳсбарангез буд, шомили вогузории бархе минтақаҳои ишғолшуда ба Русия дар баробари замонатҳои амниятии норӯшан барои Украина аст.
Гуфтугӯ