Пайвандҳои дастрасӣ

Фоҳишахона - ба ҷои "Толори масҳ". Қиссаи фиреб хӯрдани як духтари тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Қазон аъзои шабакаеро, ки занону духтаронро бо таҳдид маҷбур ба танфурӯшӣ мекарданд, дастгир кардаанд. Яке аз ҷабрдидаҳо аз Тоҷикистон будааст.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тотористони Русия мегӯяд, парвандаи 6 нафари муттаҳҳам ба ташкили фоҳишахона ваба танфурӯшӣ маҷбур кардани 19 зан, бо шумули як зан аз Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад. Ин афрод моҳи январ дар шаҳри Қазон як толори масҳ (массаж) кушода, занону духтаронро бо ваъдаи маоши баланд истихдом ва сипас ба танфурӯшӣ маҷбур мекардаанд.

Наталя Сагитова, намояндаи раёсати тафтишотии вазорати корҳои дохилаи Тотористон рӯзи 6 апрел дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, як духтари 21-сола аз Тоҷикистон низ ба доми ин шабака афтодааст: “Ин духтари 19-соларо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо ва ба кор даъват мекунанд. Барои ӯ ҳатто билети қатори роҳи оҳан мехаранд ва аз Тоҷикистон ба инҷо меоранд. Баъди расиданаш ба Қазон, корфармоён шиносномаи ин духтарро гирифта, ӯро тайи қариб як сол маҷбур ба танфурӯшӣ кардаанд.”

Ба изофаи даллагӣ, ташкили фоҳишахона ва ҷалби афрод ба танфурӯшӣ, ин 6 нафар ҳамчунин ба шустушӯи пул ва қаллобӣ ҳам айбдор мешаванд. Наталя Сагитова мегӯяд, онҳо аз ҷумла аз ин духтари тоҷик бо ваъдаи барояш гирифтани шаҳрвандии Русия 100 000 рубл гирифтаанд, вале дар ниҳоят на асноди ӯро дуруст кардаанд, на пулашро баргардондаанд: "Ин духтар дар амал қурбони зудбоварии худаш шуд. Нафаҳмид, ки панири бепул танҳо дар қапқон аст. Ба ваъдаи маоши баланд бовар карду ба доми инҳо афтод."

Пулиси Тотористон аз ифшои исми ин духтари тоҷик ва 18 зани дигаре, ки дар ин парванда ҳамчун ҷабрдида мегузаранд, ба далоили ахлоқӣ худдорӣ мекунад. Вале Наталя Сагитова гуфт, баъди боздошти корфармоёнаш ин духтари тоҷик ба далели вайрон кардани қоидаҳои кору зиндагӣ дар Русия бо ҳукми додгоҳ ба Тоҷикистон ихроҷ шудааст.

Намояндаи пулиси Тотористон гуфт, 4 гумонбари аввал дар ташкили ин шабакаи танфурӯшӣ, бо шумули зану шавҳари молики “толори масҳ” рӯзи 26 октябри соли 2015 ва дуи дигар як моҳ пеш дастгир шуданд ва парвандаи онҳо ҳанӯз дар дасти таҳқиқ қарор дорад.

Шаҳри Қазон
Шаҳри Қазон

Тарзи даъват ба кор ба ин шабакаи танфурӯшӣ як схемаи классикии қаллобиро мемонад. Корфармоён ибтидо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ занону духтарони ҷавони симояшон зеборо, ки кор ҷустуҷӯ доштанд, пайдо карда, барояшон дар “толори масҳ” ваъдаи ҷои кор бо маоши баланд медоданд ва онҳоро мутмаин месохтанд, ки ин кор бидуни интим аст. Вақте довталаб барои оғози кораш ба Қазон меомад, ӯро бо баҳонаи шустани қарордод шароб нӯшонда, рафтори занро дар ҳолати мастиаш ба навор мегирифтанд ва сипас таҳдид мекарданд, ки ё билофосила 150 ҳазор рубл дода халос шавад ваё ҳадди ақал як моҳ танфурӯшӣ кунад, вагарна ин наворҳои бадномкунандаро дар Интернет нашр мекунанд.

Наталя Сагитова гуфт, ин таҳдиди онҳо беасос ҳам набуд, чунки вақте як зан аз ин “толори масҳ” фирор кард, навори бадномкунандааш дар шабакаи “ВКонтакте” нашр шуд. Ҳамин моҷаро боис шуд, ки он зан ба пулис муроҷиат кунад ва манбаи даромади муфти ин шабакаи танфурӯшӣ батамом баста шавад.

Қазияи ин духтари тоҷик, ки дар Қазон ба доми шабакаи танфурӯшӣ афтодааст, нахустин мавриди расонаишудаи танфурӯшии занону духтарони тоҷик дар хориҷ, аз ҷумла дар Русия нест.

Рӯзи 26 январи соли ҷорӣ пулиси шаҳри Петербург аз боздошти 9 зани танфурӯш дар як фоҳишахона дар ноҳияи Приморское хабар дод ва гуфт, ки ин танфурӯшон шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон ва Камерунанд.

Дар соли 2014 пулиси Маскав аз қатъи фаъолияти як фоҳишахона дар гузаргоҳи Кутузов хабар дод ва гуфт, ин макони танфурӯширо як зани 44-солаи зодаи Тоҷикистон мечархонд.

Ҳамин тавр, дар бораи бо иттиҳоми танфурӯшӣ ё даллагӣ дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои дигар, бахусус дар Имороти Муттаҳидаи Араб, низ чандин гузориш даст расидааст.

Мақомоти Тоҷикистон низ дар ин авохир аз афзоиши танфурӯшӣ дар кишвар бонги изтироб мезананд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи июни соли 2014 алайҳи танфурӯшон амалиёти густурдае анҷом дода буд, ки танҳо тайи 3 рӯзи аввалаш ва танҳо дар пойтахт беш аз 500 танфурӯш дастгир шуданд.

Дар моҳи майи соли гузашта Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа бо нашри як гузориш гуфт, бар асоси арзёбиҳои тиббӣ ва демографӣ соли 2014 дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 14 ҳазор нафар ба танфурӯшӣ машғул будаанд.

Аммо вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ин рақамҳоро "тахминӣ ва бепоя" хонда гуфт, ки гузориши Бунёди ҷаҳонӣ бар асоси тахминҳо таҳия шуда, ҳақиқат надорад.

Дар тирамоҳи соли гузашта парлумони Тоҷикистон ҷазои танфурӯширо шадидтар ва барои онҳо аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ кард. То ҳол занони танфурӯш дар Тоҷикистон баъди боздошт маъмулан танҳо бо ҷарима халос мехӯрданд.

XS
SM
MD
LG