Бино ба иттилои“Сомон-Эйр” созиш рӯзи 6-уми ноябр дар чаҳорчӯби саммити С5+1 дар Вашингтон ба даст омадааст. Ин ба ширкат имкон медодааст, ки ба хатсайрҳои дур ҳам парвоз кунад.
Ширкат бо нашри хабарномае эълон кардааст, ки барои аввалин бор соҳиби 4 ҳавопаймоӣ бузурги Boeing 787-9 хоҳад шуд. Ҳамчунин қарор аст 10 ҳавопаймои 737-8 ро дастрас кунад.
“Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нақша дорад, ки бо ҳавопаймои 787-9, ки барои мусофирон бароҳат аст, аз Душанбе хатсайрҳои навро ба роҳ монад. Ҳавопаймои 737-8 парвозҳои асосиро дар масофаҳои наздик ва миёна анҷом хоҳад дод. Дар маҷмӯъ, ин ҳавопаймоҳо харҷи сӯзишвориро ба андозаи 20–25% коҳиш медиҳанд, ки ин хароҷот барои ҷойи мусофирон ва хидматрасонии техникӣ ҳам кам хоҳад кард.” – омадааст, дар хабарномаи ширкати “Сомон -эйр”
Як рӯз пеш аз ин дар Вашингтон мулоқоти раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон, Ҳабибулло Назарзода бо ҳамтои амрикоияш Кристен Гатлин баргузор шуд. Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳо дар ин бахш, таҳияи созишнома “Дар бораи алоқаи ҳавоӣ” ва имкони оғози парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва ИМА-ро баррасӣ карданд.
Дар ҳоли ҳозир ширкат шаш ҳавопаймои навъи Boeing 737 Next-Generation-ро дар ихтиёр дорад, ки аз Тоҷикистон ба 25 самт дар Аврупо, Осиё ва Ховари Миёна парвоз мекунанд.
"Сомон Эйр" бузургтарин ширкати ҳавопаймоӣ хусусӣ дар Тоҷикистон аст. Интиқоди мусофирон аз кору хидматрасонӣ дар ҳавопаймоҳои ин ширкат ҳам кам нест. Молики ширкат Ҳасан Асадуллоҳзода, додарарӯси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.