Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъмини мардум бо нерӯи барқ беҳтар мешавад ё бадтар?


Акс аз бойгонист. Рейтерс.
Акс аз бойгонист. Рейтерс.

Дар Тоҷикистон, ки ҳоло мардуму корхонаву муассисаҳоро ба сахтӣ бо нерӯи барқ таъмин мекунанд, эҳтимоли аз ин ҳам бадтар шудани вазъ вуҷуд доштааст. Ба шарте, ки ҳаво хушку беборон боқӣ бимонад ва маҷрои об дар рӯдхонаҳои камоби кишвар зиёд нашавад. Маҳдудияти норасоии барқ, ки умдатан аз моҳи октябр оғоз мешуд ва то моҳи апрел идома мекунад, имсол аз тобистон оғоз ёфт ва ҳоло мардуми ноҳияву деҳот рӯзона то 4 соат нерӯи барқ доранд.

Мақомот, ки аз бими норизоиятии мардум аз тариқи расонаҳо сабабҳои камбуди нерӯи барқро ҳамарӯза шарҳу тафсир медиҳанд, мегӯянд, хушксолӣ ва коҳиши бесобиқаи маҷрои об дар рӯдхонаҳо, як сабаби аслии ин мушкили бузург дар Тоҷикистон шудааст.

Анвар Киромиддинов, муовини сармуҳандиси нерӯгоҳи Норак, манбаи асосии барқи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо расонаҳои давлатӣ гуфтааст, аз рӯзи 6-уми октябри имсол маҷрои об ба обанбори нерӯгоҳ нисбат ба соли 2024 бисёр кам шудааст.

Ба қавли вай, ба ҳисоби миёна маҷрои об дар моҳҳои октябр ва ноябри имсол 279 метри мукааб дар сонияро ташкил дод, агарчӣ дар ҳамин давраи соли гузашта 357 метр дар як сония будааст. Ба ибораи дигар ба гуфтаи ӯ, тирамоҳи имсол ба обанбор 78 метри мукааб дар сония об кам ҷорӣ шудааст.

Ӯ дар сӯҳбат бо радиои давлатии Тоҷикистон гуфт: “Агар ба ҳаҷм гардонем, имсол ба обанбор 411 миллион метри мукааб об камтар ҷорӣ шудааст, ки аз он мумкин буд, зиёда аз 253 миллион киловат нерӯи барқ истеҳсол шавад. “

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” аз қавли мақомоти расмӣ, навиштааст, ки чунин коҳиши маҷро ба обанбор дар 15 соли охир бори аввал аст, ки ба чашм мерасад. Ба қавли Анвар Киромиддинов, сатҳи обанбори Норак, дар соати 7 субҳи 1- уми декабр 904 метру 43 сантиметр буд, ки тақрибан 5 метр камтар аз соли 2024 аст.

Муҳандиси тоҷик гуфтааст, ки аз ҳоло, ки зимистон нав оғоз шудааст, 5 метр оби захирашуда барои фасли сарморо истифода кардаанд, ки дар солҳои гузашта чунин набуд. Сатҳи ҳадди аксари об дар обанбори Норак на бештар аз 910 метр аст ва ҷамъ овардани об аз ин сатҳ болотар барои нерӯгоҳу сарбанд, хатарнок ба ҳисоб меравад.

Ҳавошиносони тоҷик ҳам гуфтаанд, тирамоҳи имсол назар ба ҳамин мавсими соли 2024 хушку камбориш будааст. Ба гуфтаи онҳо, соли 2024 дар фасли тирамоҳ 12 рӯзи боронӣ ба чашм расид, вале тирамоҳи имсол фақат ду рӯзи боронӣ дида шудааст. Тирамоҳи имсол хушктарин дар як даҳсолаи ахир будааст.

Ба қавли ҳавошиносон, дар рӯдхонаҳои асосии кишвар 96 дастгоҳҳои мушоҳидаи ҳаҷми обу ҳарорату маҷро гузошта шудаанд ва дар аксари онҳо ва бахусус рӯдхонаи Вахш, “модари обанбори Норак” маҷро назар ба солҳои пешин камтар сабт шудааст.

Дар телевизионҳову радиоҳои давлатии Тоҷикистон мақомоти расмӣ ҳам батакрор мегӯянд, ки ночоранд, агар ҳаво ҳамингуна хушку беборон идома кунад, маҷбур мешаванд, чораҳои иловагӣ биандешанд, ки ба маънии дигар боз ҳам камтар шудани тақсими барқ ба хонаҳои мардум аст.

Бо оғози маҳдудияти тақсими барқ ба хонаҳои мардум, ки дар фасли гармо мушоҳида мешуд, танқиди мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шуд, ки солҳост наметавонанд, кишварро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунанд. Ҳукумат ҳам ҳар сол ва бахусус дар фасли зимистон ин танқидро бисёр мешунавад. Ширкати “Барқи тоҷик” азимтарин ширкати давлатӣ аст, ки қарзи зиёде ҳам дорад ва аксар барои мудирияти нодуруст танқид мешунавад.

Айни замон худи мақомот ҳам эътироф кардаанд, ки талафоти барқ ва дуздии он зиёд мушоҳида мешавад. Муовини Додситони кулли Тоҷикистон тобистони имсол гуфт, дар ним соли гузашта барои истифодаи ғайриқонунӣ ва ё дуздиву таъхир дар пардохти ҳаққи нерӯи барқ 3800 нафарро ба ҷавобгарии моддиву интизомӣ ва маъмурӣ кашидаанд.

Дар саросари Тоҷикистон 190 парвандаи ҷиноӣ боз карда ва ба гуфтаи додситон, бештар аз 270 миллион сомонӣ зиёни расидаро ҷуброн кардаанд. Баръакси солҳои пеш, ки мегуфтанд, мардум ва муассисаҳо пулро дуруст намепардозанд, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон эътироф кардааст, ки дар муассисаҳои тақсими барқ ришвахории зиёд, тасарруфи пули муштариён, дасткории системаҳои биллингии пардохти нерӯи барқ вуҷуд дорад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли гузашта дар паёми солонааш ба порлумон гуфт, аз моҳи майи соли 2027 камбуди энергетикӣ дар Тоҷикистон аз байн меравад ва кишвар пурра ба истиқлоли энергетикӣ даст меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон он замон афзуд, соли 2027 аз ҳисоби неругоҳи “Роғун” ва дигар неругоҳҳои дарёи Вахш ба камбуди барқ дар кишвар хотима медиҳад ва дар идомаи суҳбаташ гуфт: “Шояд ин зимистонҳои охире бошад, ки мо бо мушкилӣ паси сар мекунем, зимистони дар пеш истода хеле беҳтар мешавад, нисбат ба имсол... “ Зимистоне, ки дигаргуна ба назар мерасад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG