Ин мансабдор чор моҳи пеш боздошт ва парвандааш барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Атохуҷа Ғоибназарзода, муовини додситони Кӯлоб гуфт, Ҳасан Тағоев дар боздошт аст ва парвандааш аз сӯи додгоҳ баррасӣ мешавад.
Дар додситонии Кӯлоб шарҳ надоданд, ки ин мансабдори собиқ барои кадом амалаш боздошт шудааст.
Як тан аз наздикони Ҳасан Тағоев, ки нахост номашро зикр кунем, рӯзи 9-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯро бо баҳонаи иҷозаи буридани як дарахт боздошт карда буданд.
"Як дарахтро дар як маҳаллаи Кӯлоб касе буридааст. Гуфтанд, ки гӯё раис гуфта бошад, ки он дарахтро буред. Ӯро барои ҳамин даъват карданд ва телефонашро мусодира карданд. Гуиё ӯ 200 сомонӣ пора гирифта будааст. Гуё порадиҳанда онро тариқи "Душанбе ситӣ" ба ӯ фиристодааст. Ба ҷойи дарахтбур ба дасти раиси Кумита завлона зада ба маҳбасаш нишонданд ва 19 соли собиқаи бомувафақияти кориашро ба назар нагирифтанд,"--гуфт ӯ.
Айбе, ки алайҳи Тағоев эълон шудааст, то даҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ҳасан Тағоев то таъин шудан ба вазифаи сардори Шӯъбаи Ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб кор мекардааст.
Бархе аз ҳамкоронаш ӯро шахси содиқ ба кор мешуморанд ва мегӯянд, аз боздошти ӯ то ҳол дар ҳайратанд.
Боздошти мансабдорон дар минтақаи Кӯлоб бори аввал нест. Дар солҳои ахир чандин мансабдори маҳаллӣ бо ҷурмҳои фасод, сӯиистифода аз вазифа ва дигар ҷиноятҳо ба зиндон маҳкум шуданд.
Гуфтугӯ