Пайвандҳои дастрасӣ

Хонандаи "дар миёни чор дарё тахтабанд"-и матбуоти тоҷик


Хабарнигорон мегӯянд, ки дар шароити маҳдудияти афзояндаву фишор дар кори расонаҳои мустақил ва дастрасии маҳдуд ба иттилои расмӣ, хонанда ва муштарӣ аст, ки аз иттилои дақиқу бетараф бебаҳра мемонад.

Дар як соли охир, ба қавли коршиносони соҳаи матбуот, шароити кори расонаҳои мустақил ҷиддан дигар шуд ва дастикам чор расона, аз ҷумла нашрияҳои “Нигоҳ”, “Вароруд”, “Дам” ва хабаргузории “Тоҷнюс” аз фаъолият монданд. Хабарнигорон аз вуҷуди фишор ба фаъолияти журналистиашон зиёд шикоят мекунанд ва мегӯянд, ин ҳолат ба кори касбии онҳо таъсиргузор шуда, даҳҳо ҳамкасбонашонро водор кардааст, ки тарки кишвар кунанд.

Коршинос: "Хонанда намедонад чӣ кор кунад"

Ба қавли рузноманигори шинохтаи тоҷик Раҷаби Мирзо, вазъи имрӯзаи матбуоти мустақил дар Тоҷикистон дар ниҳоят бар зарари ҳукумат, матбуот, фазои сиёсии ҷомеа ва ҳуқуқи шаҳрвандон барои дастрасӣ ба маълумот аст.

Раҷаби Мирзо.
Раҷаби Мирзо.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, як ҳолате ба вуҷуд омадаст, ки ҳама мехоҳад як манфиат ба даст орад, вале ҳоло матбуот эътимодашро аз даст додааст ва мақомот ба хабарҳое, ки дар расонаҳо нашр мешавад, бо шубҳа нигоҳ мекунад ва хонандаи бечора дар чунин вазъ гумроҳ мешавад ва намедонад чӣ кор кунад. Ба гуфтаи ин рӯзноманигори тоҷик, ду-се соле қабл вақте як хабар дар яке аз расонаҳо нахустин шуда нашр мешуд, ҳатман дар саҳифаҳои дигар бознашр мешуд ва хонандаро аз нигоҳи иттилоъ гурусна намегузошт.

"Имсол вазъ ранги дигар гирифта ва чунин вазъият барои ҳарсе ҷониб - ҳам ҷониби ҳукумат ва ҳам матбуот ва ҳам барои хонанда зарар дорад. Ҳоло пинҳон доштани хабар ё масдуд кардани шабакаи иҷтимоӣ ва ё расонаҳои хабарӣ аз тарафи мақомот айб аст. Мудирияти ҷадид ва солим лозим аст, ки дар баробари таъмини хабари солим, масъулияти ҷиддӣ нишон диҳад”,-гуфт Раҷаби Мирзо.

Хонандае, ки дигар газета намехарад

Мурод Саидов, як сокини Душанбе аст, ки мегӯяд, ҳамеша ташнаи шунидани хабарҳои охирин аст ва одат дошт ҳамеша ҳафтаномаҳои кишвар ва ҳам радиои “Имрӯз”-ро гӯш кунад. Имсол, мегӯяд ӯ, аз харидани рӯзнома дигар даст кашид, чунки, ба гуфтааш, “матолиби ҷолибу муҳиме намебинад".

Вай мегӯяд, дар матбуоти солҳои охири Тоҷикистон “он чӣ дилат мехоҳад, пайдо намекунӣ. Солҳои пеш матбуот озоду боз буд ва матлабҳои ҷолиб дошт. Ҳоло тақрибан ҳамаи рӯзномаҳо як хел менависанду фақат мавзӯъҳои такрорро дунбол мекунанд. Ёд надорам кай рӯзнома харида бошам".

Мурод Саидов мегӯяд, дар гузашта чунин буд, ки вақте овозае ва ё хабари муҳиме дар кӯча мешунид, баъди чанд лаҳза ё соате дар интернет ва ё радиои ФМ-и маҳаллӣ ҷузъиёти дақиқи онро дарёфт мекард. Муҳим нест, ки ин хабар хусусияти сиёсӣ дошт ё иҷтимоӣ. Вале ҳоло, боз ҳам мисли солҳои Шӯравӣ, нақши “овозаву гап-гапи мардум” боло гирифта, ҳатто дар сурати пӯшиши хабарӣ ёфтани ин хабар, маълум аст, ки “ҷузъиёти бисёри ҳодиса пушти парда мемонад”.

Як сокини дигар пойтахт гуфт, камбуди хабар ва маълумот боиси афзоиши “гумонзанию шубҳа мешавад”, ки ба ҳеҷ сурат манфиати ҷомеа ва ҳукумат нест. Абдулмуъмин Юсуфов, як хонандаи нашрияҳои Тоҷикистон мегӯяд, “дар сурате, ки хабари комил нест, дар дил ҳазор фикр мегузарад, ки асли воқеа чӣ метавонад бошад? Аз Худо мехоҳем, ки дар соли оянда вазъ беҳтар шавад”.

НАНСМИТ: Ҳисси худсонсурии матбуот боло рафт

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил мегӯяд, танҳо дар соли 2016 чандин мавридҳое буд, ки мақомот кӯшиш карданд аз роҳи ташдиди қонунҳо, фишорро болои матбуот бештар ва бо ин кори худ – “ҳисси худсонсурии матбуотро” сахттар кунанд.

Нуриддин Қаршибоев.
Нуриддин Қаршибоев.

Дар ибтидои соли равон Вазорати фарҳанг мехост масъалаи қатъи фаъолияти расонаҳоро бидуни баррасӣ дар додгоҳ -- танҳо бо дахолати Додситонии кулли Тоҷикистон қонунӣ кунад, вале баъди исрори намояндагони васоити ахбор, ин тарҳ бекор шуд. Вале он чи ки қонунӣ шуда мавриди нигаронии хабарнигорон мебошад – ин қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии кишвар оид ба таҳқири Пешвои миллат буд, ки то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ мегӯяд, хатари ҳукми қонун гирифтани ин банди кодекс дар он аст, ки меъёри таҳқир ва ҳолатҳои таҳқир мушаххас нишон дода нашудааст ва чунин вазъияти норӯшан метавонад хабарнигоронеро, ки гузориши интиқодӣ, на таҳқиромез навиштааст, зери зарба қарор диҳад.

Коршиносон мегӯянд, шароити кори матбуот ба фазои сиёсии кишвар шадидан вобаста аст ва баъди ошӯби мусаллаҳонаи сентябри соли 2015 ва ҳукми додгоҳии аъзои ҲНИТ дар тобистони соли 2016, кори матбуот ҳам маҳдуд, сангин ва камранг шудааст.

Хабарнигор Алишер Зарифӣ мегӯяд, ҳамкории дафтарҳои матбуотии ниҳодҳои зиёди ҳукуматӣ бо матбуот ҳам хеле маҳдуд шудааст. Вай мегӯяд, ҳар рӯз барои дарёфти хабари дақиқ ба дафтарҳои матбуоти мақомоти давлатӣ дар тамос мешавад, “вале онҳо аз рӯи тарс ва ё эҳсоси ин, ки мабодо аз дасти раиси аввал дарди сар нашаванд, хабари расмиро ҳам пинҳон мекунанд.”

​Зимнан, соли 2015 мақомот ҳаққи пахши дасти аввали хабарҳои расмиро дар ихтиёри оҷонсии расмии “Ховар” вогузор карданд ва ҳарчанд ин тасмими баҳсбарангез мояи интиқоди журналистон ва ҳам мудофеони озодии баён шуд, тасмим тағйир накард.

Алишер Зарифӣ мегӯяд, ҳанӯз ду-се сол қабл вазъият ранги дигар дошт ва мақомот бидуни дудилагӣ маълумот пешниҳод мекарданд аммо дар як соли ахир вазъият комилан ранги дигар гирифтааст: “Ҳоло ягона роҳи ҳалли чунин вазъият ҳамкории мусбати мақомот бо намояндагони васоити ахбор, бахусус бо расонаҳои мустақил мебошад, ки дар сурати пешниҳоди маълумоти лозима, хабару матлаб ҳамаҷониба пешниҳод хоҳад шуд ва хонанда низ қонеъ хоҳад гашт”.

Аксари ҳамсӯҳбатони мо таъкид мекунанд, ки чунин мавқеи матбуотгурезии мақомоти Тоҷикистон агар ба таври давомдор боқӣ монад, ҳукуматро дар миёни “душманони матбуот” ҷой дода танҳо бар зарари обрӯи сиёсии ин кишвар хизмат мекунад.

XS
SM
MD
LG