Дар Тотористон ҷалби шаҳрвандони хориҷиро барои кор дар 10 бахш манъ кардаанд. Аз ҷумла, хадамоти таксӣ, байторӣ, хидматрасонӣ дар соҳаи ҳуқуқу ҳисобдорӣ, посбонӣ, ташкили лотерея, таъмири компютерҳо ва асбоби рӯзгор. Фармонро раисҷумҳури Тотористон имзо кардааст ва он аз 7-уми феврал ба ҳукми қонун даромад.
Муҳоҷирони тоҷике, ки дар Тотористон кору зиндагӣ мекунанд, аз ин фармон ноумед шудаанд. "Ин хабар ғайриинтизор буд. Ҳама ҳайрон. Се моҳ вақт доданд. Бархе ният доранд, ки бору буни худро банданд ва ба ҷойҳои дигар раванд," – гуфт як муҳоҷири тоҷик ба бахши "Мигрант Медиа".
Муҳоҷирон дар Тотористон аксаран таксиронӣ ва посбонӣ мекунанд, дар соҳаҳои дигари манъшуда қариб, ки нестанд ё хеле кам. "Зарбаи асосӣ ба муҳоҷирони ронандаи таксӣ зада шуд, чун дар ин бахш муҳоҷирон бисёранд," -- мегӯяд Сафо, муҳоҷири тоҷик.
Ӯ афзуд: "Аз сабабе, ки ҳама мошин ронда метавонанд, ин касбро интихоб карданд барои пешбурди рӯзгори худашон. Аз якуми апрел манъ карда мешавад ва хеле таъсири манфӣ мерасонад."
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ин фармон на танҳо ба ҳаёти муҳоҷирон, балки ба мардуми Тотористон ҳам таъсир хоҳад расонд: "Зиёда аз 30-40 дарсади таксиронҳо аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Вақте онҳо кор накунанд, нархи таксӣ дучанд боло меравад. Ба сабаби кам будани ронандагони таксӣ мардум дар вақташ ба кор расида наметавонанд."
Навор дар Инстаграм:
Ба муҳоҷирон то якуми апрел фурсат додаанд. Дар ин муддат муҳоҷиронро бояд аз корхонаҳо берун карда, шаҳрвандони Русия ё касонеро бигиранд, ки ҳаққи зист доранд. Сафо бовар надорад, ки ин кор ба зудӣ анҷом меёбад, зеро ба андешаи ӯ "ба он музд ва шароите, ки муҳоҷир кор мекунад, одамони таҳҷоӣ ҳеч вақт кор нахоҳанд кард."
"Ба иҷрояш бовар надорам, аммо аз шунидани ин қарор ҳама рӯҳафтода шуданд. Бо гурӯҳе аз ҳамкасбон гап задем. Мегӯянд, ҳар рӯз бо баҳонае қонуну фармон мебароранд. Намегузоранд як даҳан нон аз гулӯямон поин равад. Ба қавле дар пайи “асои худро ба рушноӣ задан” ҳастанд. Мегӯянд, ба Аврупо ва кишварҳои дигар бояд рафт,” – гуфт ӯ.
Тотористон 12-умин минтақаи Русия шуд, ки дар он кори муҳоҷирон дар соҳаи нақлиёт, тандурустӣ, хӯроки умумӣ, маориф, ниҳодҳои қудратӣ ва ғайра манъ карда мешавад.
Дар чанд минтақаи дигари ин кишвар дар соли 2025 кори муҳоҷирон қариб дар 70 соҳа манъ карда мешавад. Аз ҷумла, дар Оренбург, Челябинск, Калуга, Магадан, Рязан, Самара, Амур, ҷумҳуриҳои Удмуртия ва Доғистон, ҳавзаҳои Краснодар, Красноярск ва ғайра.
Навор дар Фейсбук: