Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин: Ба "ҳаҷҷи хайрия" бовар накунед


Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон бо нашри як эъломия овозаҳо дар мавриди сафарбарии сокинони кишвар ба "ҳаҷи хайрия"-ро, ки гӯё аз сӯи афроди хайроҳ анҷом дода мешавад, рад кард.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 6-уми август бо нашри як эъломия гуфт, ки ҳама гуна сару садоҳо оид ба фиристодани шаҳрвандони кишвар ба “ҳаҷи хайрия”, ки гӯё аз ҷониби ашхоси “хайрхоҳ” анҷом дода мешавад, беасос мебошад.

Дар эъломияи Кумитаи дини Тоҷикистон гуфта мешавад, ки рӯзҳои охир аз ҷониби гурӯҳ ё афроди алоҳида овозаҳо доир ба сафарбар намудани шаҳрвандон ба “ҳаҷи хайрия” ба миён омада буд, ки миёни мардум нофаҳмиҳоро ба вуҷуд овардааст. Аз ин рӯ Кумитаи оди ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон аз мардум хостааст, ки ба чунин "овозаҳои дурӯғин" бовар накунанд то ба доми қаллобон нафтанд.

Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки Арабистони Саудӣ-- кишвари мизбони зоирони сафари ҳаҷҷ танҳо ба мақомоти давлатӣ ҳаққи танзими сафари зоирони Хонаи Худоро додааст ва аз ин рӯ танҳо ин ниҳод ҳаққи ташкили ҳаҷҷ ва сарбарбарии зоирон ба Макка ва Мадинаро дорад.

Анҷоми фарзи Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ барои анҷоми он, фарз шудааст. Солона ҳазорон нафар аз шаҳрвандони кишвар барои адои ин фаризаи динӣ ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Соли гузашта аз Тоҷикистон 6300 нафар фарзи Ҳаҷро адо карданд. Мақомоти тоҷик чанд сол боз талош доранд, ки квотаи Ҳаҷ барои Тоҷикистонро то ба 8 000 бирасонанд, вале ҷониби Арабистони Саудӣ ба далели зарурати анҷоми бозсозӣ дар атрофи Ҳарами шарифайн дар Макка ин дархостро рад мекунад.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон нархи расмии сафари имсола ба Ҳаҷҷи асосиро 22 906 сомониву 98 дирам эълон кард. Ин назар ба як соли пеш 4741 сомонӣ зиёдтар аст.

XS
SM
MD
LG