Пайвандҳои дастрасӣ

Имсол 50%-и зоирони тоҷикро ширкатҳои Саудӣ то Каъба хоҳанд бурд


Мақомоти Арабистони Саудӣ ин шартро пеш гузоштаанд, ки панҷоҳ дарсади зоирони тоҷикро ширкатҳои онҳо ва панҷоҳ дарсади дигарро ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба зиёрати Каъба бубаранд.

Қарор аст, имсол панҷоҳ дарсади зоирони тоҷикро ширкатҳои ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла "Флай-Нос" барои зиёрати Хонаи Худо бубаранд. То кунун ин масъулиятро пурра ширкатҳои ватанӣ - "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" бар ӯҳда доштанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, Сулаймон Давлатов – раиси тозатаъини ин ниҳод аз 7 то 13 моҳи март бо сафари корӣ дар Саудӣ буда, ин масъаларо баррасӣ кардааст.

Абдуҷалол Ализода -- мудири шуъбаи ҳаҷҷи Кумитаи дин рӯзи 5 апрел дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ чунин "тағйирот" дар маъракаи ҳаҷҷи 2015-ро тасдиқ кард, вале гуфт, ҳоло гуфтугузор идома

Абдуҷалол Ализода, мудири шуъбаи ҳаҷҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ
Абдуҷалол Ализода, мудири шуъбаи ҳаҷҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ

дорад ва қарордоди расмӣ имзо нашудаст. Афшини Муқим низ мегӯяд, "тақрибан то ду ҳафтаи дигар дар пайи имзои як созишномаи дуҷониба бо ширкати ҳавопаймоии Саудӣ ин масъала ниҳоӣ хоҳад шуд." Ӯ афзуд, "ин иқдом аз рӯи низоми паритет ё баробарӣ дар ҳамаи кишварҳое, ки ҳоҷиёни худро ба Саудӣ мефиристанд, татбиқ мешавад."

Тоҷикистон ҳар сол беш аз 6 ҳазор сокини кишварро барои зиёрати Каъба ба Арабистони Саудӣ гусел мекунад. То кунун ширкатҳои дохилии "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" масъули бурдану овардани зоирон буданд.

Абдуҷалол Ализода нагуфт, дар ҳаҷҷи имсола боз чӣ тағйироте дар назар аст, аммо манобеи мо мегӯянд, дар сурате ки ширкатҳои Саудӣ масъулияти кашондани зоирони тоҷикро бар дӯш гиранд, эҳтимоли каме поин омадани нархи сафари ҳаҷ дар назар аст. Ба қавли манобеи мо, хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоии Саудӣ дар муқоиса ба ширкатҳои Тоҷикистон арзонтар будааст. Иттилое, ки то ҳол мақомот тасдиқ накардаанд.

Нархи ҳаҷҷи имсола ҳанӯз аз сӯи кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо эълон нашудааст. Аммо зоҳиран поин рафтани қурби сомонӣ дар баробари доллар нархи сафари ҳаҷро ба ҳисоби пули миллӣ дар қиёс ба соли гузашта хеле бештар хоҳад кард. Қимати сафари ҳаҷ дар Тоҷикистон дар соли гузашта ба 18 ҳазору 165 сомонӣ баробар буд ва мақомот гуфта буданд, зоирон бар асоси навбати худ дар маҳалли зисташон барои зиёрати Каъба шарафёб гардидаанд.

Ҳаҷ яке аз аркони панҷгонаи дини мубини ислом буда, адояш барои ҳар фарди мусалмоне, ки тавон дорад, фарз аст. Дар Тоҷикистон солҳои охир хоҳишмандони зиёрати ҳаҷ афзуда, мақомот маҷбур шудаанд, сокинонро бар асоси рӯйхат ё навбат ба Маккаву Мадина фиристанд.

Ҳатто раҳбарони бархе аз шаҳру навоҳии кишвар дар мавсими даъвати ҷавонон ба сафи артиш ин шартро низ пеш мегузоранд, ки фарзанде касе ихтиёрӣ ба сарбозӣ равад, ё соҳиби қитъаи замин хоҳад шуд ва ё бидуни навбат ба зиёрати Каъба хоҳад рафт.

Вале дар оғози маъракаи ҳаҷҷи имсола Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ хабар дод, ки барои талаби 2 ҳазор доллар ришва аз як хоҳишманди сафари ҳаҷ муттаҳам мешавад.

Дар гузорише, ки шоми 18 март тавассути шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, гуфта шуд, Иззатулло Азизов -- сармутахассиси раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин аз шаҳрванд А. бар изофаи 3 700 доллар харҷи сафари Ҳаҷ 2 ҳазор доллари дигар ба ҳайси ришва хостааст. Ба қавли масъулони Оҷонсӣ шаҳрванд А. ба онҳо рӯзи 17 март шикоят карда, Иззатулло Азизов ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллар рӯзи 18 март дар Душанбе дастгир шудааст.

Ҳоло бар асоси моддаҳои 32, қисми 3, 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикстон алайҳи Азизов парванда боз шуда, тафтишоти қазия идома дорад. Дар гузашта низ бархе аз масъулони идораҳои дин барои талаби "пора" ба ҳангоми сафари Ҳаҷ аз зоирон боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG