Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 2:0 ба суди эрониҳо ба поён расид. Ҳарду голро Амирҳусейн Ҳусейнзода дар дақиқаҳои 26-ум ва 32-юм ба самар расонд. Дар нимаи дуюми бозӣ дастаҳо ба дарвозаи ҳамдигар якголӣ заданд. Голи сеюми “Трактор”-ро Томислав Стркалҷ дар дақиқаи 80-ум ба дарвозаи мизбонон ворид кард. Як голи “Равшан” ба Давид Мавутор дар дақиқаи дуюми замони ҷуброншуда (90+2) марбут аст.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ибтидо бозии даври сеюм миёни дастаҳои “Трактор” ва “Равшан” мебоист дар Эрон баргузор мешуд, аммо бошгоҳҳо табодули давр карданд. Дар даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 6-уми ноябр «Трактор» ва «Равшан» дар варзишгоҳи Ёдгор Имоми шаҳри Табриз бозӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, “Равшан”, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин бозиашро дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 рӯзи 18-уми сентябр дар меҳмонӣ бо тими “Моҳун Баган” бо ҳисоби 0:0 анҷом дода, як имтиёз гирифта буд. Аммо имтиёзи “Равшан” лағв гардид. Зеро бошгоҳи футболи “Моҳун Баган”-и шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон, ки аз сафар ба Эрон барои бозӣ бо “Трактор”-и Табриз худдорӣ кард, аз Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC хориҷ шуд.
“Равшан” дар даври дуюм рӯзи 2-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз тими “Ал-Вакра”-и Қатар бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “А” тими “Трактор” бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Ал-Вакра” бо 3 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. “Равшан” бидуни имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.
“Равшан” ду бозии боқимондаро дар сафар 6-уми ноябр бо “Трактор” ва 4-уми декабр бо “Ал-Вакра” баргузор мекунад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”
Ҷ |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
“Трактор” |
2 |
2 |
0 |
0 |
6-1 |
6 |
2 |
“Ал-Вакра” |
2 |
1 |
0 |
1 |
1-3 |
3 |
3 |
“Равшан” |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-4 |
0 |
Даври чаҳорум
6-уми ноябр (чоршанбе)
21:00 – “Трактор” – “Равшан”
Даври панҷум
27-уми ноябр (чоршанбе)
21:00 – “Трактор” – “Ал-Вакра”
Даври шашум
4-уми декабр (чоршанбе)
21:00 – “Ал-Вакра” - “Равшан”