Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аюб Усмонзода, раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздошт шудааст

навшуда

Аюб Усмонзода. Акс аз моҳи феврали соли 2025
Аюб Усмонзода. Акс аз моҳи феврали соли 2025

Маъмурони амниятӣ дар вилояти Суғд Аюб Усмонзода, раиси Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро боздошт кардаанд. Ҳарчанд дар ин бора ҳеч ниҳод маълумот намедиҳад, ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ҳодиса дар аввали моҳи март рух дода, Усмонзода ба ришваситонӣ гумонзад аст. Ҷузъиёташ феълан дастрас нест.

Масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин бора ҳеч иттилоъ нагирифтаанд. Ҳамкоронаш дар донишгоҳ рӯзи 18-уми март дар суҳбати ҳузурӣ гуфтанд, ки Усмонзода даҳ рӯз боз дар ҷойи кор нест. “Инчунин, барои рухсатӣ, муолиҷа ва ё сафари корӣ иҷоза нагирифтааст,” – гуфт яке аз онҳо.

Пайвандони Аюб Усмонзода дар айни ҳол розӣ нестанд, ки дар назди дурбин масъаларо шарҳ диҳанд, аммо гуфтанд, ки “нисбат ба ректор бадӣ шудааст” ва умед доранд, ки “озод мешавад”.

Маълум нест, ки Аюб Усмонзода вакили мудофеъ дорад ё не. Радиои Озодӣ омода аст ба маҳзи дастрас шудани назари вакил ё мавқеи Усмонзода онҳоро нашр намояд.

Аюб Усмонзода 53-сола аст ва профессори илми таърих. Аз моҳи апрели соли 2022 раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба уҳда дорад.

Пештар Парвиз Пӯлодӣ, мудири факултаи биология ва кимиёи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дастгир шудааст. Эҳтимол меравад, боздошти ду мақомдори донишгоҳ бо ҳам пайванд дорад.

Видео дар инҷост:

Раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздошт шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00

Раиси Бунгоҳи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд моҳи феврали имсол Донишгоҳи давлатии Хуҷандро муассисае номид, ки фасоди молӣ дар он ба авҷ расидааст. Ба иттилои масъулони Оҷонсӣ, танҳо дар соли 2024-ум 49 мавриди фасодро дар донишгоҳ ошкор карданд. Ҳукми додрас ба ин айбномаҳо маълум нест. Аюб Усмонзода дар нишасти хабарии моҳи феврал бо тасдиқи ин ҳолатҳо гуфта буд, ки ин афрод ҷазо гирифтанд.

Ду сол пеш низ мақомоти тафтишотӣ ва қудратии вилояти Суғд гуфта буданд, ки аз ҳама бештар мавридҳои ришваситонии омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сабт шуд. Қисме аз онҳо бо ҷарима аз ҷавобгарӣ озод ва нисбат ба бархе чораҳои дигари интизомӣ корбаст шудаанд.

Ҳолатҳои аз ҳама зиёди фасод дар як муассисаи таҳсилотии вилояти Суғд дар ҳолест, ки маорифи Тоҷикистон яке аз соҳаҳои фасодзадатарин номбар мешавад. Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин хулосаро дуруст намешуморанд ва мегӯянд, зӯри ниҳодҳои зиддифасод ба соҳаҳои дигар намерасад ва омӯзгорону пизишкон шикори осони онҳо дониста мешаванд.

Бо вуҷуди раддияи мақомоти Тоҷикистон сатҳи баланди фасодзадагии тақрибан ҳамаи соҳаҳоро созмонҳои байнулмилал дар гузоришҳои ҳамасола нигаронкунанда меноманд.

XS
SM
MD
LG