Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудои пешини сарвазирро бо пардохти ҷарима озод карданд


Муқим Ашӯров мегӯяд, ӯ дигар қудои Сарвазир Қоҳир Расулзода нест
Муқим Ашӯров мегӯяд, ӯ дигар қудои Сарвазир Қоҳир Расулзода нест

Муқим Ашӯров соҳибкор ва қудои пешини Сарвазири Тоҷикистон, ки ба "қаллобии махсусан калон" гумонбар дониста мешуд, 1-уми октябр аз боздоштгоҳ раҳо шудааст. Вай тақрибан ду моҳ пеш дастгир шуда буд.

Аз Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми раҳоияш содир шуд, вале ҷазо низ гирифтааст. Худи Муқим Ашӯров дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қаллоб нест, балки дар фаъолияти соҳибкориаш радду бадалҳо сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи намояндагони додгоҳ, озодии Ашӯров бо ҳукми ҷарима ҳамроҳ буд. Дар ҳамин ҳол назари ҷониби даъвогар маълум нест ва то куҷо баррасӣ шудани шикояташ норушан мемонад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳукм ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва ҷонибҳо метавонанд ба зинаи болоии додгоҳ муроҷиат кунанд.

Муқим Ашӯров, ки соҳибкор аст ва ҳамчун қудои Сарвазири Тоҷикистон шинохта мешавад дар тамоси телефонӣ бо хабарнигорони Радиои Озодӣ раҳоияшро тасдиқ кард ва ҳамчунин исрор варзид, ки ӯро минбаъд қудои Нахуствазир нагӯем.

“Ҳамаш хуб шуд, ҳал шуд, раҳмат. Агар ҳал намешуд маро ҷавоб намедоданд. Якумаш ин. Дуюмаш ин, ки мо 4 сол боз қудо нестем (бо Сарвазири Тоҷикистон)”.

Видеоро инҷо бинед:

Собиқ қудои сарвазири Тоҷикистон бо ҷарима аз толори додгоҳ озод шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Дар ду соли ахир ин дуюм бор аст, ки Муқим Ашӯров бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт мешавад. Ба гуфтаи сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, бори аввал Ашӯров моҳи майи соли 2024 дастгир гардида ва нимаи моҳи июли ҳамон сол озод шуд. Баъди раҳоияш худаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қаллоб нею "қарздор" буд ва он вомро пардохт намуд. Ба гуфтаи ин соҳибкор, боздошти ӯ ба даъвои як мизоҷаш рабт дошт.

Ин бор ба гуфтаи баъзе аз пайвандонаш Муқим Ашӯровро мақомоти амниятӣ боздошт карда, шикоятгар низ яке аз пайвандонаш будааст. Худаш дар тамоси телефонӣ гуфт, ки дар фаъолияти соҳибкориаш дигар нафарон низ аз ӯ қарздоранд ва ба ҳамин хотир дар додугирифти кориаш чунин радду бадалҳо сурат гирифтааст.

Муқим Ашӯров дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "одамон қариб аз ман 700 ҳазор доллар қарздоранд. Ман гирифта натавонистам ва нисбати онҳо ба додгоҳ шикоят накардам. Як нафар қариб 500 ҳазор доллар қарздор аст, ба Амрико гурехта рафт. Оварда намешавад. Ман ба Амрико фирор накардам".

Муқим Ашӯрови 66-сола дар як суҳбати видеоӣ соли гузашта гуфта буд, ки беш аз 30 сол боз ба тиҷорату сайёҳӣ машғул аст. Аз он пеш омӯзгори мактаб буд. Вай наздик ба 20 сол ҳамчун мудири ширкати сайёҳии "Спутник" машғули ба Чин бурдану овардани тоҷирони умдафурӯш ва кашондани бори онҳо будааст. Ҳамчунин барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ раводид низ омода мекардааст. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки боре ҳам бо муштариён сари маблағ баҳсҳои додгоҳӣ надоштанд.

Як писари Муқим Ашӯров бо духтари Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон оиладор шуда ва чанд сол пеш расман ҷудо шудаанд. Ашӯров мегӯяд, фаъолияти кории ӯву фарзандонаш ба хешу табор ё қудои собиқаш бастагие надорад.

Дуюмбора ба додгоҳ кашидани Муқим Ашӯров дар ҳолест, ки расонаҳои таҳқиқгар соли гузашта моликияти баъзе аз пайвандони Қоҳир Расулзодаро дар Суғду Душанбе ва Дубай ошкор карданд ва ин гузориш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳсҳои зиёд шуд.

Қоҳир Расулзода бо ҳамсараш Ихболхон Назирова (Иқболхон Нозирова)
Қоҳир Расулзода бо ҳамсараш Ихболхон Назирова (Иқболхон Нозирова)

OCCRP ё Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, рӯзи 16-уми май дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked" хабар дод, ки бино бар санадҳои ёфтаи он Ихболхон Назирова (Иқболхон ё Иқболой Нозирова), ҳамсари сарвазири Тоҷикистон, дар Дубай соҳиби моликият аст.

Баъд аз як рӯзи нашри хабар дар сомонаи Радиои Озодӣ, бо имзои "Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз имейле, ки зоҳиран ба сарвазир тааллуқ дорад, номае расид, ки дар он гуфта мешавад: "Ҷавобан ба гузориши Радиои озодӣ аз 16 майи соли 2024, ки аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор шуд, иттилоъ медиҳем, ки маълумоти ин хабар дар бораи ба ҳамсари Сарвазири Тоҷикистон мансуб будани виллаҳо асоси воқеӣ надорад ва ба ҳақиқат рост намеояд."

Қоҳир Расулзода аз соли 2013 сарвазири Тоҷикистон аст. Аз он пеш раиси вилояти Суғд ва вазири об буд.

XS
SM
MD
LG