Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин вазири дифоашро иваз кард


Владимир Путин ва Сергей Шойгу
Владимир Путин ва Сергей Шойгу

Владимир Путин, президенти Русия, ҳампаймони наздику қадимии худ Сергей Шойгуро аз мансаби вазири дифоъ сабукдӯш кард. Ӯ ба ҷойи Николай Патрушев дабири Шӯрои амнияти Русия таъйин шуд. Мансаби нави Патрушев маълум нест. Сухангӯйи Кремл гуфт, рӯзҳои наздик вазифаи нави ӯ ҳам дақиқ мешавад.

Президенти Русия Андрей Белоусовро, ки дар ҳукумати қаблӣ муовини аввали сарвазир буд, ба унвони номзад ба мақоми вазири мудофиа пешниҳод кардааст.

Путин шоми 12-уми май номзадҳои дигарро ба мақоми раҳбарони вазорату идораҳо низ ба Шӯрои Федератсия пешниҳод кард. Қариб ҳамаи раҳбарони ин блок, ба истиснои Сергей Шойгу, мақоми худро нигоҳ доштанд.

Ҳоло Шойгу дар баробари масъулияташ дар Шӯрои амнияти Русия муовини Путин дар Кумисюни комплекси ҳарбӣ-саноатӣ хоҳад буд. Роҳбарии Хадамоти ҳамкории низомӣ-техникии Русияро низ ба вай супоридаанд. Ин идора аз тобеияти Вазорати дифоъ берун шуда, ҳоло ниҳоди зери назорати президенти Русия аст.

Сергей Шойгу яке аз муассисони ҳизби ҳокими “Русияи воҳид" аст, ки нерӯи аслии ҷонибдори Путин ба шумор меравад. Аммо фаъолон ва блогнависони тарафдори ҳукумат ӯро барои нокомиҳои низомии Русия дар ҳамла ба Украина сахт танқид мекунанд.

Шойгу аз соли 2012 вазири мудофиаи Русия буд. Ишғоли Қрим дар соли 2014 ва ҳамлаи бедалел ба Украина дар соли 2022, ки то ҳол идома дорад, дар замони раҳбарии ӯ дар Вазорати дифои Русия сурат гирифт.

Тағйири вазири дифои Русия дар ҳоле рух додааст, ки рӯзи 24-уми апрел муовини вазири дифоъ Тимур Иванов ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шуд. Ӯ дар моҳи майи соли 2017 бо ҳукми президенти Русия муовини вазири дифои Русия таъйин шуда буд.

Владимир Путин дар ҳоле вазирони нави кобинаи худро ба порлумон пешниҳод кардааст, ки ҳамлаҳои ин кишвар дар шарқи Украина боис ба кӯчидани шаҳрвандони ин кишвар аз шаҳрҳо ва деҳаҳо шудааст.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", қисмате аз нерӯҳои Украина низ аз бахшҳое аз Харков бинобар ҳамлаҳои сахти нерӯҳои Русия ақибнишинӣ кардаанд.

Владимир Тимошенко, сардори раёсати ВКД-и Украина дар Харков гуфтааст, нерӯҳои артиши Русия дар атрофи ин шаҳр ҳастанд ва аз се тараф ҳамлаҳои заминиро оғоз кардаанд. Ӯ дар идома гуфт, "набарди сарбозони пиёда оғоз шуд".

XS
SM
MD
LG