Раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии муштарак бо раисҷумҳури Русия гуфт, "пешрафти олӣ" ба даст омад, аммо "комилан ба натиҷа нарасидаем" ва ҳеҷ созише барои поён додан ба ҷанги Кремл алайҳи Украина ба даст наомадааст.
Президентҳои ду кишвар тақрибан ҳеҷ ҷузъиёте дар бораи бораи ончӣ дақиқан мавриди созиш қарор гирифт ё мавриди ихтилоф будааст, ироа накардаанд.
Трамп дар ин бора гуфт, "мавзӯъҳои зиёде буд, ки бар сари он созиш кардем. Метавонам бигӯям, чанд мавзӯи муҳим вуҷуд дошт, ки ҳанӯз ба натиҷа нарасидаем, аммо пешрафтҳое ҳосил шудааст. Бинобар ин, то вақте, ки ба тавофуқе даст наёфта бошем, созише дар кор нест".
Раҳбарони Амрико ва Русия ҳар кадом чанд дақиқа дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат карданд ва ба ҳеҷ пурсише посух надоданд.
Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, пас аз дидор бо Путин, тамосҳое бо НАТО, раисҷумҳури Украина ва дигар раҳбарони аврупоӣ хоҳад дошт. Ӯ афзуд, "мехоҳам чанд тамоси телефонӣ бигирам ва ба онҳо бигӯям, чӣ рух дод".
Владимир Путин низ дар ин нишасти хабарӣ умедворӣ кард, ки созишҳои ба дастомада дар дидори ӯ бо раисҷумҳури Амрико битавонад оғози ҳалли муноқишаи Украина ва барқарор кардани робитаҳо байни Русия ва ИМА бошад.
Раисҷумҳури Русия бидуни ишора ба ҷузъиёт, аз "тафоҳум" бо Трамп дар бораи ҷанг сӯҳбат кард ва гуфт, умедвор аст Украина ва муттаҳидони аврупоияш барномаро "нобуд" накунанд.
Ӯ гуфт, Маскав ҳамчунон исрор дорад ба ончӣ "решаҳо"-и даргирӣ бо Украина хонд, расидагӣ шавад. Ин такрори мавзеи Кремл барои поён додан ба хостаҳои Украина барои узвият дар НАТО аст.
Аммо ӯ ҳамчунин афзуд, ки "амнияти Украина низ бояд замонат дода шавад". Путин гоҳ-гоҳ ҳаққи мавҷудияти Украинаро зери суол мебарад.
Мақомоти Украина ва Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз дар ин маврид ибрози назар накардаанд. Нишасти хабарии муштараки Трамп ва Путин дар бештари ин пойтахтҳо пас аз нимашаб ба поён расид.
Президентҳои Амрико ва Русия рӯзи ҷумъа дар Аляска дар мулоқоти таърихӣ бо ҳадафи ёфтани роҳи ҳалли эҳтимолӣ барои поён додан ба ҷанги 42-моҳаи Русия алайҳи Украина, гуфтугӯ карданд.
Дар нишасти ду кишвар, вазири корҳои хориҷӣ ва намояндаи вижаи Амрико дар паҳлӯи Трамп буданд ва аз тарафи муқобил вазири корҳои хориҷӣ ва мушовири умурии хориҷии Русия, Владимир Путинро ҳамроҳӣ карданд.
Люк Коффи, таҳлилгари аршади Пажӯҳишгоҳи Ҳадсон ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки ба назар мерасад, ки Путин барандаи ин нишасти таърихӣ аст.
Ӯ афзуд, "Путин тақрибан ҳама кафолатро ба даст овард, ки ҳеҷ таҳрим ва ё таърифаи дигаре ҷорӣ нахоҳад шуд. Ӯ вақти бештаре барои идомаи ҷанги худ харидааст ва акнун машруияти байналмилалӣ -- ҳадди ақал аз сӯи раисҷумҳури Амрикоро, ки орзӯяшро дошт, дорад. Ва ӯ ин ҳамаро бидуни додани чизе анҷом додааст".
Михайил Алексеев, устоди Донишгоҳи Сан-Диего гуфт, ки набуди пешрафт нишон медиҳад, ки Путин мавқеашро нармтар накардааст.
Ӯ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "асосан ба ман мегӯед, ки Русия танҳо мавзеашро такрор кардааст. Мавзеи худро тағйир надодааст".
Дар ҳамин ҳол, Мик Райян, генерали бознишастаи артиши Австралия ва узви баландпояи Пажӯҳишгоҳи Лови ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки Путин "дар нишасти хабарӣ назар ба Трамп хушбинтар ба назар мерасид".
Райян гуфт, "дар ҳоле, ки Трамп ноумед ба назар намерасид, аммо ихтилофи назари қобили таваҷҷуҳе дар мавзеи умумии ду раҳбар вуҷуд дошт. Ин нишон медиҳад, ки ҳеҷ созиши умумӣ ба даст наомадааст, аммо мумкин аст дар бораи бархе масъалаҳои хурди муштарак тавофуқ шуда бошад".
Чанд соат пештар ҳавопаймои махсуси раисҷумҳури Амрико дар пойгоҳи муштараки Елмендорф дар наздикии шаҳри Анкорич фуруд омад ва сипас ҳавопаймои ҳомили Путин ба замин нишаст.
Раҳбарони Амрико ва Русия рӯи бонди фурудгоҳ бо якдигар даст доданд ва дар паҳлӯи ҳамдигар қадам заданд. Дар ҳоле, ки хабарнигорон аз фосилаи дуртар бо садои баланд аз раҳбарони ду кишвар аз ҷумла, ин ки оё Владимир Путин ҳамлаҳо ба ғайрнизомиёнро қатъ хоҳад кард ва ё бо оташбас мувофиқат мекунад, пурсишҳоеро фарёд мезаданд, маълум набуд, ки оё ин ду раҳбар садои хабарнигоронро шунидаанд ё не.
Сипас раисҷумҳури Русия дар ҳаракате ғофилгиркунанда, ба ҳамроҳи Доналд Трамп савор бар лимузини раёсати ҷумҳури Амрико шуд, то ба макони баргузории нишаст биравад. Иқдоме, ки хеле кам барои раҳбари як кишвари рақиб анҷом мешавад.
Президентҳои ду кишвар дар макони баргузории нишаст, дар паҳлуи ҳайатҳои ҳамроҳи худ ва дар муқобили пардаи кабуд, ки ибораи "Дар ҷустуҷӯи сулҳ" рӯи он навишта шуда буд, нишастанд.
Трамп гуфт, "хеле сипосгузорам" ва дар ҳоле, ки хабарнигорон бори дигар пурсишҳоеро фарёд мезаданд, аммо ду президент аз посухи онҳо худдорӣ карданд.
Агарчӣ Доналд Трамп ва Путин аз моҳи январ то кунун дастикам панҷ бор телефонӣ гуфтугӯ кардаанд, нишасти рӯзи ҷумъа нахустин дидори рӯ дар рӯи онҳо дар давраи дувуми президентии Доналд Трамп аст.
Трамп пешниҳод кардааст, ки ҳама гуна роҳҳал дар бораи ҷанг метавонад "мубодилаи қаламравҳоро" дар бар гирад. Ин бо мавзеи деринаи Киев, ки он бояд тамоми қаламравҳоеро, ки дар ҳоли ҳозир Русияро ишғол кардааст, бозпас гирад, мухолиф хоҳад буд.
Раисҷумҳури Амрико дар суханони худ ба хабарнигорон, ба мубодилаи эҳтимолии қаламрав ишорае накард.
Гуфтугӯ