Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пораи яхи кӯҳи Кон-Чуқурбошии ноҳияи Мурғобро ба Антарктида мебаранд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳи донишмандони яхшинос аз чанд кишвари ҷаҳон дар кӯҳи Кон-Чуқурбошии воқеъ дар баландии 5800 метр дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон ба таҳқиқи қаъри пирях пардохтаанд.

Кори ин тими донишмандон 24 сентябр дар Помир шуруъ шуд ва ба ин ҳайат 13 донишманд аз муассисаҳои илмии Швейсария, Тоҷикистон, Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳида шомил шуданд.

Дар ин бора рӯзи 1 октябр сомонаи traveltomorrow.com иттило дод ва моҳи июл ҳам Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бораи омодагиҳо ба экспедитсияи донишмандони хориҷӣ хабар дода буд.

Донишмандон мегӯянд, дар шароити обшавии босуръати пиряхҳо мехоҳанд таърихи пиряхҳои ҳазорсолаи Помирро ҳифз кунанд ва ин маълумотро дар як бойгонии ях дар Антарктида нигоҳ доранд.

Донишмандон дар кӯҳи Кон-Чуқурбошии Мурғоб як урдугоҳи илмие таъсис додаанд ва кори худро давоми ҳафтаҳои наздик дар ҳамон ҷо идома медиҳанд. Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтааст, нияти олимон гирифтани ду пора мағз ё қисмати миёнии яхии 100-метра аз ин кӯҳ мебошад. Яке аз ин намунаҳо барои нигоҳдории дарозмуддат ба Антарктида интиқол дода мешавад. Ин кори илмӣ дар доираи лоиҳаи Раmir Project ва бо дастгирии СММ ба роҳ монда шудааст.

Traveltomorrow аз қавли донишмандон навиштааст, “кӯҳҳои Помир макони баъзе пиряхҳои баландтарин ва қадимтарин дар нимкураи шимолӣ мебошанд. Мисли бойгониҳои азими яхкардашуда, ин пиряхҳо сабтҳои атмосфераро дар шакли қабатҳои барф нигоҳ медоранд, ки дар тӯли садҳо, ҳатто ҳазорҳо сол фишурда шудаанд. Дар дохили онҳо зарраҳои чанг, изотопҳо ва ҳатто микроорганизмҳо ҳастанд, ки ҳар яки онҳо дар бораи иқлими гузашта, боришот ва шароити муҳити зист маълумот доранд. Вале бо ин вуҷуд, Помир яке аз ноҳияҳои криосфераи кам омухташудаи руи Замин мебошад”.

Дар ҳоле, ки бисёр пиряхҳои Помир устувор ба назар мерасанд, гармшавии иқлим хатари нопадидшавии онҳоро воқеӣ кардааст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббусҳои ҳифзи пиряхҳоро дар сатҳи СММ пеш мебарад, мегӯяд, “аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби ошомиданӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, зиёда аз як ҳазору сесад адади он пурра об шудааст ва суръати обшавии пиряхҳои мо дар ҳоли афзоиш қарор дорад”.



Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG